Бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқ як гурӯҳ омӯзгорони факултет ба минтақаҳои сайёҳии вилояти Хатлон сафар карданд.

Боздиди нахустин аз ноҳияи Данғара оғоз гардид. Омӯзгорон аз Маркази фароғатии «Хуррамшаҳр», ки бо усули меъмории миллӣ хеле зебо сохта шудааст, шурӯъ гардида, дар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, Осорхонаи ноҳия идома ёфт. Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Данғара барои қабули сайёҳон инфрасохтори лозима мавҷуд мебошад.
Дар ноҳияи Балҷувон низ омӯзгорон бо имкониятҳои сайёҳии он шинос шуданд. Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Балҷувон шаршараи овозадори Сарихосор ҷойгир аст, ки бо зебоиаш таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ҷалб кардааст. Омӯзгорон аз Осорхонаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев ва Оромгоҳи Ҳазрати Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ шинос гардида, оид ба таърихи ин иншоот маълумоти муфассал гирифтанд. Дар ин баробар аз осорхонаи беки Балҷувон дидан карданд.
Дар ноҳияи Ховалинг шиносоии омӯзгорон аз Мамнуъгоҳи таърихӣ — фарҳангии Султон Увайси Қаранӣ оғоз ёфт. Султон Увайси Қаранӣ яке аз ҳамзамонони содиқ ва дӯсти ғоиби ҳазрати Муҳаммад (с) мебошад. Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ 18 километр дуртар аз маркази ноҳия дар ҷойи хушобу ҳаво ва миёни дарахтзори сарсабз воқеъ гардидааст. Мақбара соли 2006 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст. Дар ноҳияи Ховалинг омӯзгорон, ҳамчунин аз мавзеи Чилчанор ва Муассисаи давлатии Осорхона — мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ, ки дар зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик Восеъ — Дараи Мухтор ҷойгир аст, дидан намуданд.
Ноҳияи Муъминобод бо манзараву ҷойҳои диданиаш чун мавзеи машҳури Чилдухтарон, бешак, таваҷҷуҳи ҳар як сайёҳи дохиливу хориҷиро ҷалб мекунад. Омӯзгорон дар ин ноҳияи кӯҳистон, ҳамзамон аз Чилдухтарон дидан карданд. Бино ба гуфти масъулин, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири роҳ ба мавзеи Чилдухтарон амалӣ шудааст.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ