Ҳунар сармояи бузургест, ки онро бо ягон дороӣ сарват симу зар иваз кардан мумкин нест. Ҳунар неьмати бебаҳоест, ки метавонад ба инсони меҳнатдўст қадру манзалат бахшида, ўро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расонад. Ҳунаромузӣ аз азал хоси мардуми тоҷик буд.

Имрўзҳо чи тавре ки мебинем, дар ҷумҳурӣ ҳунарҳои қадимаи аҷдодии мо аз нав эҳё гардидааст ва ҳамаи мардум барои омўхтани он саью талош менамоянд. Аз ҷумлаи чунин ҳунарҳо кандакорӣ маҳсуб меёбад. Имрўз санъати кандакорӣ дар ҷумҳурӣ рушд карда, ҳангоми шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти нав истифода мешавад. Кандакорӣ, ки навъи санъати ороишиву пардозгарӣ мебошад, тавассути кандану буридани чўб, гаҷу гил ва устухон тарҳрезӣ мешавад. Нозукиҳои ин ҳунар ба донишандўзон, завқмандони соҳаи мазкур дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ба таври бояду шояд омўзонида мешавад.
Маркази таълимии технологияи муосир ва касбу ҳунарҳои милии факултаи техникӣ ва технологии донишгоҳ бо тамоми асбобҳои муосири технологӣ, аз қабили дастгоҳҳои коркарди харротии чўб, коркарди филизот ва пластмасса, асбобҳои коркарди дастӣ ва барқии масолеҳҳо таҷҳизонида шудааст. Марказ бо мақсади ба донишҷўён ва хоҳишмандон омўзонидани истифодабарии тарзи дурусти асбобҳои муосири технологӣ ва рушду нумуъ додани ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Дар ин ҷо ғайр аз дарсҳои амалию озмоишии умумитехникӣ ба хоҳишмандон курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбу ҳунарҳои миллӣ – кандакорӣ, кошинкорӣ, доғсўз ва монанди инҳо ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедраи технологияи коркарди масолеҳҳои факултети техникӣ ва технологӣ озмоишгоҳҳои мошинолотҳо ва назарияи механизмҳо, технологияи коркарди матоъ, технологияи коркарди маҳсулоти хўрока ва устохона оиди кандакорӣ дар чўб ва коркарди металҳо мавҷуд аст. Дар ин факулта донишҷўён маҳорати хешро ғанӣ гардонида, ба ин васила ҳунари аҷдодии худро бештар сайқал медиҳанду ба омўзиши асрори он зиёдтар мепардозанд.
Гесубону АМИНОВА, «Фурўғ»
Возможно, это изображение в мультипликационном стиле