Зан дар ҷомеа мавқеи баланду хосаеро ишғол менамояд. Зан беҳтарин олиҳаи зебоии олами башарият мебошад. Занон бояд бо илму бофарҳанг бошанд. Зани босавод фарзандони худро ҳамаҷониба тарбияи дуруст медиҳад. Зани тоҷик бояд дар зиндагии оилавӣ фарзандони худро барои ҳаёти мустақил тайёр намуда, ба онҳо пеш аз ҳама муносибати дуруст, ҳурмату эҳтиром нисбати калонсолон хусусан ба духтарон омўхтани ҳунарҳои мардумӣ, дўхтани сару либос, пухтупаз, тозагӣ инчунин меҳнатдўстиро омўзонанд, то ин ки дар оянда ба мушкилиҳо дучор наоянд.

Имрўзҳо дар байни оилаҳои ҷавон вайроншавии зиндагии оилавӣ ба чашм мерасад, ки сабаби асосии ин тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавии мустақил мебошад. Дар ин ҷода мақоми зан бе шаку шубҳа хеле зиёд аст.
Маърифатнокии зан ва тайёрии ў ба зиндагии мустаъқилона ин гуна мушкилиҳоро ҳал менамояд. Имрўзҳо тараққиёт ва пешрафти ҷомеаро бе мавқеи зан тасаввур кардан ғайри имкон аст. Зан – олим, шоир, нависанда, табиб, омўзгор ва ҳатто дар мақомотҳои идоракунандаи давлатӣ фаолият мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият мекунанд.
Дар соҳаи фарҳанг ба монанди -Майрам Исоева, Дилбар Умарова, Гулчера Содиқова, ва дигарон, дар соҳаи варзиш устоди варзиш – Зебунисо Рустамова, Мавзуна Чориева, дар соҳаи шеъру шоирӣ, шоира Гулрухсор Сафиева, Шаҳрия, инчунин дар соҳаи илм низ занони бозаковату бомаърифат намунаи ибрат буда, шаъну шарафи номи зани тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Ба хусус дар таълимгоҳҳо, мактабҳои олӣ, соҳаи тиб қисми зиёди занҳо фаолона кору фаъолият мекунанд. Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ ба шумор рафта рўз аз рўз ободу зебо шуда истодааст.
Ин шукуфоии кишварро бе саҳми зан тасаввур кардан ғайри имкон аст. Гулдухтарони тоҷик дастовардҳои зиёдеро дар соҳаи варзиш мусобиқаҳои байналмилалӣ ба ғолибиятҳо ноил гардида, дар байни давлатҳои ҷаҳон ҷойҳои намоёнро сазовор шуда, байрақи Тоҷикистонро бо фахр баланд бардошта, соҳиби медалҳои тиллои ва биринҷӣ гардиданд. Пешрафти илму техникаро дар асри XXI бе фаъолияти занҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки мавқеи зан дар ҷомеа дар ҷойи намоён меистад.
Бо ташаббус ва дастгириҳои сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд, ки ин барои бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони бешуғл нақши мубориз дорад. Яке аз чунин корхонаҳо сехҳои дузандагӣ, фабрикаҳои қаннодӣ ва ғайра мебошанд, ки дар онҳо занону духтарон ба кор фаро гирифта, онҳо бо духтани сару либоси миллӣ ва эҳёи намудҳои ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд. Ин гуна ташаббусҳо дар соҳаи илму маориф низ беандоза мебошанд.
Ин ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати занону духтарон бепоён буда, мавқеи занро дар ҷомеа таҳким мебахшад. Мо занон ва бонувони коллеҷи омўзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷавобан ба ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасози миллат ва тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаи омўзгорӣ тамоми саъю кушиши худро ба харҷ дода, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони Соҳибистиқлол хизмати шоён ва саҳми арзанда мегузорем.
Парвина ШАКАРОВА,
омўзгори коллеҷи омўзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (13 человек, люди стоят, люди сидят и на открытом воздухе)