Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Икром Фатҳулоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ бо намояндагони Донишкадаи химия -технологии шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Эркин Актам, профессори кафедраи техникӣ технологии ғайри органикии донишкада ва Акмал Бобокулов, доктор PhD номзади илмҳои техникӣ бо мақсади бастаи шартномаҳои дуҷониба дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва табодули таҷрибаро баррасӣ карданд.