Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ (1868 – 1917) аз шоирони тавоно ва сермаҳсули охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX тоҷик аст. Ӯ дар адабиётшиносии тоҷик хеле кам омӯхта шудааст.

Мутаассифона, рӯзгор ва осори ин шоири шаҳир бо сабабҳои ба мо номаълум аз китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” – и Садриддин Айнӣ берун мондааст.
Омӯхта шудани ҳаёт ва эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз солҳои 60 – уми садаи XX оғоз гардидааст. Дар ин ҷода иқдоми пешгирифтаи адабиётшинос Саидумар Султонов шоистаи таҳсин аст. Ӯ соли 1962 “Асарҳои мунтахаб” – и шоирро тартиб дода, ба он сарсухани хубе ҳам навишта буд, ки нахустин таҳқиқоти адабиётшиносӣ дар боби Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ мебошад. “Дар нашри мазкур намунаи ғазалиёти шоир, интихоб аз маснавии “Комде ва Мадан” ва баъзе шеърҳои дигар ҷой дода шудаанд. Албатта дар даврони коммунистии шӯравӣ нашри пурраи осори шоире мисли Ҳоҷӣ Ҳусайн имкон надошт ва он чи ки ба табъ расид , қобили таҳсин буд”.
Адабиётшинос А. Абибов дар рисолаи “Доираи адабии Бухорои Шарқӣ” Ҳоҷӣ Ҳусайнро яке аз намояндагони шинохтаи доираи адабии Кӯлоб муаррифӣ намуда, ба умумият ва хусусиятҳои фарқкунандаи достонҳои ҳамноми Ҳоҷӣ Ҳусайн ва Бедил ишораҳо кардааст.
Соли 1998 ба муносибати 130 – солагии шоир “Куллиёт” – Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар таҳрири Қ. Чиллазод Теҳрайӣ ва Амирхӯҷа Абдураҳимӣ чоп шуд. Нашри мазкур сарфи назар аз баъзе нуқсонҳои ҷузъӣ ва хатоҳои имлоӣ нашри нисбатан пурраи осори шоирро ташкил медод.
Соли 2010 бошад диссертатсияи унвонҷӯ Дилбар Муҳиддинова дар мавзӯи “Муҳаммад – Ҳусайни Ҳоҷӣ ва поэтикаи ғазалиёти ӯ” дифоъ шуд. Дар китоби дарсии “Адабиёти тоҷик” барои синфи ёздаҳ, ки ба қалами Х. Асозода ва А. Кӯчаров тааллуқ дорад, оид ба тафовути маснавии “Комде ва Мадан” – и Ҳоҷи Ҳусайн ва достони ҳамноми Бедил маълумоти мушаххас додааст.
Дар китоби дарсии Худойназар Асозода “Таърихи адабиёти тоҷик” (давраи нав), ки ҷанбаи пурқуввати илмӣ дорад, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳамчун портрети эҷодӣ оварда мешавад. Ҳасан Муродиён дар мақолаи “Зикри диёр дар осори Ҳоҷӣ Ҳусайн” ҷиҳатҳои ватандӯстона доштани ашъори шоирро ҳадафи таҳлил қарор додааст.
Бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалии Раҳмон осори нисбатан пурраи Ҳоҷӣ Ҳусейни Кангуртӣ бо алифбои кириллӣ дар миёнаи соли 2019 нашр гардид, ки тамоми осори боқимондаи ӯро дар бар гирифтааст. “Нашри мазкур дар асоси “Куллиёт” – и Ҳоҷӣ Ҳусейн (дар таҳияи Қ. Чиллазод Теҳрайӣ, Амирхӯҷа Абдураҳимӣ, 1998) сурат гирифта, бо нусхаҳои куллиётҳои дигари шоир муқоисаву таҳрир гардидааст. Ҳамчунин бо эҳтимоми Саидумар Султон якчанд ғазалу мухаммас ва мусаддаси нав дарёфт шуда, ба “Куллиёт” шомил гардиданд. Яке аз асарҳои шоир ин “Мунтахаб – ул – ахбор фӣ табақоту – с – салотин” ба шумор меравад, ки бори нахуст дар куллиёти шоир ҷой кунонида шудааст.
Дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ достони ишқии “Комде ва Мадан” мавқеи асосӣ дорад. Шоир бо ин асари худ анъанаи достонсароии форсу тоҷикро бомуваффақият идома додааст. “Комде ва Мадан”- и Ҳоҷӣ Ҳусайн соли 1910 дар пайравии достони Бедил эҷод гардидааст. Дар муқаддимаи “Куллиёт” – и нави Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ омадааст, ки “… Саидумар Султонов дар бораи “Комде ва Мадан” – Ҳоҷӣ Ҳусайн рисолае навишта, онро бо “Комде ва Мадан” – и Бедил муқоиса намудааст”.
Мутаассифона, мо ин рисоларо аз китобхонаҳо ва шахсони китобдӯст пайдо карда натавонистем. Дар муқаддимаи достони Ҳоҷӣ Ҳусайн сохти чандинасраи ин жанри адабӣ пурра риоя карда шудааст. Дар он ҳамд, наът, муноҷот, мунқабати чорёри Мустафо, таърифу тавсифи сафари Меъроҷи пайғамбар, тасвири табиат ва манзараҳои Хатлон, хубрӯёни ин вилоят ҷой доранд. Ҳамчунин дар оғози достони шоир аз арвоҳи Низомӣ ва Ҷомӣ, ки достонсароёни машҳури олам мебошанд, мадад ҷустааст:
Мадад ҷустам зи арвоҳи Низомӣ,
Ионат аз равони шайх Ҷомӣ.
Нишастам бар сарири хушбаёнӣ,
Кушодам домани гавҳарфишонӣ.
Кунун абри бисоти ин баҳорам,
Чу найсон донаи гавҳарнисорам.
Риёзи ин гулистон гашт хуррам,
Саҳоби хомаам чун рехт шабнам.
Агар хезад каломамро зи оғӯш,
Ки мерезад лабу дил мезанад ҷӯш.
Сухан дорам, валекин, сарсарӣ нест,
Майи завқу хумор, аммо барӣ нест.
Димоғам ҳар гулеро менабӯяд,
Намеҷунбад забон, то дил нагӯяд.
Набошад маъние ӯро нагуфта,
Ба мазмуни гуҳарбораш насуфта.
Вале ҳар ҷо яке маънишиносе,
Диҳад ӯро ба табъи худ либосе.
Ба бор орад ҷамоли он паривор,
Ба шакли муштарӣ орад ба бозор.
Биё, соқӣ ба номам кун шаробе,
Ки дил равшан кунад чун офтобе.
Муваффақ то шавам аз нашъаи ӯ.
Раҳе гирам, ки бошад рост неку.
Кушо бар ман риёзи хушкаломӣ,
Диҳам доди суханро чун Низомӣ.
Мундариҷаи достони Ҳоҷӣ Ҳусайн ба таври зайл аст: дар сарзамини Ҳинд, дар дарбори шоҳи ишратпарасте Комде ном раққосаи мумтоз ҳунарнамоӣ мекардааст:
Дар он маҳфил, ки хубӣ мезадӣ гом,
Яке раққоса будаш Комдӣ ном.
Паризоде зи фирдавси таманно,
Саҳӣ сарве ба боғи ҳусн пайдо.
Ҷамоле дар камоли лутфсозӣ,
Баҳори ҷилваи рафтору бозӣ.
Нигаҳтезу сабукхезу шикорбез,
Балоангезу шӯромез, тарабрез.
Аз мулки дигар Мадан ном мутриб ба шаҳри Комде меояд:
Буд яке мутриби ғамхорае,
Ном Мадан, ошиқи дилпорае.
Пардаи сози дили ишқорзӯ,
Сӯзу гудози лаби ҳасратнумӯ.
Ӯ дар дарбори шоҳ ҳунарнамоӣ мекунад ва соҳиби мукофоти шоҳ мегардад. Чун Мадан мафтуни рақси Комде мешавад, мукофоти аз шоҳ гирифтаашро ба зери пои вай мепартояд. Мадан аз ин рафтораш ба ғазаби шоҳ гирифтор шуда, аз мамлакат бадарға карда мешавад. Шоҳи дигаре ҳангоми шикор бо Мадани овора вомехӯрад. Ӯ аз моҷарои ишқи ин ду дилдода огоҳ шуда, ба шоҳи Комде нома мефиристад. Шоҳи Комде ин номаро ба эътибор намегирад ва ба ҷанг бармехезад. Дар ҷанг шикаст мехӯрад. Шоҳи ғолиб вафодории ошиқонро санҷиданӣ мешавад. Ба Комде хабари “марг” – и Маданро мерасонад. Комде ба ин бовар карда, қолаб тиҳӣ мекунад. Мадан низ аз шунидани хабари шум тоқат накарда, ба марг гирифтор мешавад. Шоҳи одил аз кардаи худ сахт пушаймон шуда, бо ёрии табибони дарборӣ ин ду ошиқро аз нав зинда мегардонад:
Ҳикмате карданд ҳакимон ба ҳам,
Зинда шуданд он ду шаҳиди ситам.
“Комде ва Мадан” – и Ҳоҷӣ Ҳусайн аз ҷиҳати мундариҷа бо достони ҳамноми Бедил монанд бошад ҳам, аз нигоҳи сохтор фарқ мекунад. “Комде ва Мадан” – и Бедил достони алоҳида набуда, як қисмати маснавии “Ирфон” – и шоир аст. “Комде ва Мадан” – и Ҳоҷӣ Ҳусайн бошад, достони алоҳидаест, ки аз оғоз, 10 боб ва хотима иборат мебошад. Ҳар ду достон аз ҷиҳати вазн низ тафовут доранд. “Комде ва Мадан” – и Бедил дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф ё мақсур эҷод гардидааст:
Мутриби сози иқтидороҳанг,
Мезанад нағмаи дигар бар чанг.
Ҳоҷӣ достони худро дар вазни дигар – баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур тасвир кардааст:
Шоҳи хирадпеша зи табъи накӯ,
Зад масале дархӯри ин гуфтугӯ.
Сарлавҳаи ҳар боби достони Ҳоҷӣ низ бо назм (бар вазни дигар) буда, аз мутолиаи онҳо хонанда аз мазмун ва мундариҷаи ҳар кадоме воқиф мегардад.
Ҳоҷӣ Ҳусайн ватандӯст ва маҳалпарасти асил аст. Ӯ дар оғози достонаш дар таърифу тавсифи зодгоҳ ва диёраш Хатлон, ки гӯшаи имон, пораи Тоҷикистони азиз аст, сатрҳое бахшидааст, ки арзиши муҳимми ватандӯстӣ ва зебопарастӣ доранд:
Чу Хатлон хиттае кам офарида,
Ки фирдавсе ба олам офарида.
Чу бонад дидае аз айни инсоф,
Риёзе сар зада аз дашти алтоф.
Насими файз бар хокаш вазида,
Ғубораш, то бихезад, гул дамида.
Шамолаш гар бигардад, мушк резад.
Ҳавояш чун биҷунбад, атр резад.
Тамошояш бубинад ҳуриён дӯш,
Биҳишт аз ёдшон гардад фаромӯш.
Чу наҳри шири Ширин обшораш,
Лаби Ширин канори ҷӯйбораш…
Зулолаш софии ҷавҳар гирифта,
Чу маъшуқаш Замин дар бар гирифта.
Хушо сайру тамошои баҳораш!
Канори ҳавзу дашти лолазораш.
Навои булбулонаш шох бар шох,
Асарсанҷе, ки созад кӯҳ сӯрох.
Зи бори мева шохи паҳн борик,
Чу пирон хам шуда, бо саҷда наздик.
Мо дар ин мақола оид ба мазмуну мундариҷаи маснавии “Комде ва Мадан” – и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва баъзе тафовути он аз достони ҳамноми Бедил мухтасар сухан рондем. Таҳлил ва таҳқиқи муфассали ин масъала яке аз вазифаҳои асосии адабиётшиносони имрӯза ва ояндаи тоҷик аст.
Зоиров Рустам,
Тошматов Фахриддин,
омӯзгорони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (4 человека)