Теъдоде аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон аз эълони мавҷудияти Шӯрои олии муқовимати милли ҷумҳурии исломӣ дар ин кишвар хабар дод.

Шӯрое бо номи “Шӯрои олии муқовимати миллии ҷумҳурии исломии Афғонистон” аз суи теъдоде аз чеҳраҳои сиёсии ин кишвар эълони мавҷудият кард.
Мақарри ин Шӯро эълон нашудааст, аммо ҳамаи касоне, ки гумон меравад узвияти ин Шӯроро дошта бошанд дар хориҷ аз Афғонистон ҳузур доранд.
Чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, аз қабили Атомуҳаммади Нур, Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Абдурашиди Дӯстум, Юнус Қонунӣ, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, Тодинхон (бародари Абдурозиқи Ачакзай), дар умум ҳудуди 20 вакили парлумони собиқ ва фармондеҳони ҷиҳодии Афғонистон, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд, шомили ин иттиҳод мебошанд.
Ибтидо музокира ва баъд масоили низомӣ
Дар эъломияи аввалини ин Шӯро омадааст, онҳо аввал тариқи талошҳои сиёсӣ мехоҳанд қазоёи кишварро ҳалу фасл кунанд ва дар қадами аввал оғози муҷаддади музокирот аҳамият фавқулодда дорад.
“Ин музокирот бояд ба манзури расидан ба як сулҳи пойдор ва боиззат, ки мутазаммини иъодаи ҷумҳурияти мубтанӣ бар усули исломӣ ва ба миён овардани як низоми мунтахаб бо мушорикати одилонаи ҳамаи ақвомву ҷараёнҳо ва ақшори мухталифи ҷомеа ва зомини таъмини ҳуқуқи асосии шаҳрвандон, хусусан занон, атфол, маълулин ва ақаллиятҳо бошад”,- омадааст дар эъломия.
Дар идомаи эъломияи Шӯрои олии муқовимат омадааст, дар сурате ки ҷониби муқобил ва ҳомиёнашон ба чунин роҳ ҳал тан надиҳанд, ночор ба бахши дувум мубориза-фаъолиятҳои низомӣ даст хоҳад зад ва масъулияту паёмадҳои он ба дӯши ҷониби муқобил хоҳад буд.
“Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон мутааҳҳид аст, ки як ҳайати ҳақиқатёб таъйин намояд, то авомили суқути ногаҳонии низоми ҷумҳурии исломиро баррасӣ намуда, касонеро, ки дар ин муомилаи нангин даст дошта, шиносоӣ ва ба унвони хоинини миллӣ ба миллати бузурги Афғонистон муаррифӣ намояд”,-омадааст дар эъломия.
Таҷовузи хориҷӣ ва ҳукумати якҷониба
Дар идомаи эъломияи Шӯрои олии муқовимат ба масоили рӯз дар Афғонистон пардохта шуда, нахуст аз истодагӣ ва далериҳои мардуми озодаи кишвар, бавежа занону ҷавонон дар баробар вазъият асафбори кунунӣ, ба арвоҳи поки тамоми шуҳадое, ки дар ин роҳ ҷонҳояшонро фидо намудаанд, дуруд мефиристад ва аз мардуми кишвар тақозо менамояд, ки худро барои як муқовамати душвор ва дарозмуддат дар баробари истибдоди дохилӣ ва таҷовузу ишғолгарии хориҷӣ омода кунанд.
“Шӯрои олии муқовамати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз мавқифи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба расмият нашинохтани гурӯҳи Толибон тақдир мекунад ва аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама кишварҳои ҷаҳон мехоҳад, ки ҳукумати якҷониба, истибдодӣ ва зидди ваҳдати миллии гурӯҳи Толибонро, ки дар он ҳуқуқи ақвому занони боиззати кишвар, мазоҳиб ва забонҳои расмӣ нодида гирифта шуда ва ниме аз кобинаи он машмули таҳримҳои СММ ва бархе кишварҳои ҷаҳон мебошанд, ба расмият нашносанд ва фишори лозимро болои онҳо барои пазириши як ҳукумати ҳамашумул ворид созанд”,-омадааст дар баёния.
Шӯрои олии муқовамат аз таҳрики Толибон низ хостааст, аз куштори систематик ва дастгирии масъулони низомиву амниятии ҳукумати қаблӣ, ҳамчунон аз озори вазъияти мардуму кӯчҳои иҷборӣ ва тасоҳуби амлоку амволи мардум ва хушунат алайҳи шаҳрвандони кишвар даст бардоранд ва музокироти мустақиму созандаро бо “Шӯрои олии муқовамати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон” оғоз намоянд.
Дар охир ҳам ин Шӯро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои кӯмакрасони ҷаҳон тақозо кардааст, то мардуми Афғонистонро ба таври мустақим мавриди кӯмакҳои башардӯстона қарор диҳанд.
Муқовимати дуввум
Дар ҳамин ҳол, ин дуввумин як ниҳоди сиёсии раҳбарони сиёсии Афғонистон аст, ки бо номи муқовимат ба майдон меояд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал (1996 – 2001) ҳанӯз моҳи августи соли равон, пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон эъломи мавҷудият карда, нерӯҳояш алъон дар дараи Панҷшери вилояти ҳамном ва Андаробҳои вилояти Бағлон бо Толибон меҷанганд.
Спутник гузориш медиҳад, ки раҳбарони сиёсии ин кишвар Атомуҳаммади Нур ва Тодинхон дар Туркия, Абдураб Расули Сайёф дар Ҳиндустон, Муҳаммади Муҳаққиқ ва Абдурашиди Дӯстум дар Туркия, Юнус Қонунӣ дар Бритониё, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар Тоҷикистон ва бақия ҳам дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур дошта, то имзои ин эъломия дидубоздидҳои ҳузурӣ низ доштаанд.
Шӯрои олии муқовамати миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар ҳоле аз худ дарак медиҳад, ки ҳаракати Толибон то ба ҳол аз сӯи кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст ва барои ба даст овардани эътирофи байнулмилалӣ талош мекунад.
Толибон то ҳол ба ин баёния ба сурати расмӣ вокуниш нишон надодаанд.
_____________
Хабаргузори TajikPress
Возможно, это изображение (текст)