Рафти корҳои илми-таҳқиқотии Қурбоной Резмонова, омӯзгори кафедраи биологияи умумии факултети химия ва биолоя дар мавзӯи “Мутобиқ намудани навъҳои гандуми мулоими колексияи умумиҷаҳонии ВИР дар шароити иқлимӣ ҷанубӣ Тоҷикистон” пажуҳиш менамояд.

Муаллима таҳқиқоти илмиро худро зери роҳбарии профессор Абдуллоев Абдуманнон, профессор Партоев Қурбоналӣ ва дотсент Ғафуров Б.А дар қитъаи таҷрибавии назди факултети химия ва биологияи донишгоҳ гузаронида истодааст.
Инчунин, донишҷӯёни фаъол барои омӯзиши корҳои муаллима ба ӯ ёри мерасонанд. Айни замон муаллима 22 навъи гандумро дар қитъаи таҷрибавии назди факултети химия ва биология кишт намуда раванди сабзиши онҳоро дар ин шароит тадқиқ карда истодааст.