Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Проблемаи муосири рушди фанҳои табиатшиносӣ: дурнамо ва пешомадҳои он” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки Иттиҳоди давлатҳои мустақил доир гардид, ки аз 4-ум то 5-уми ноябр давом мекунад.

Сухани ифтитоҳиро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оғоз намуда, ба кори конференсия барор хост.
Дар асоси кори конференсия кор дар бахшҳо:
Бахши 1. Дар мавзӯи “Саҳми илми химия дар саноатикунонии кишвар” ном дошта зери роҳбарии У. Мирсаидов, доктори илмҳои химия, профессор, академики АМИТ;
Бахши 2. Дар мавзӯи “Омӯзиш ва ҳифзи гуногунии биологӣ дар шароитӣ муосир зери роҳбарии Т. Хабилов, доктори илмҳои биологӣ;
Бахши 3. Дар мавзӯи “Тағйироти иқлим ва таъсири он ба муҳити зист ва нақши омилҳои табиӣ дар рушди захираҳои рекреатсионӣ” зери роҳбарии Ҳ. Абдуллоев, доктори илмҳои биологӣ, узви АМИТ;
Бахши 4. Дар мавзӯи “Истифодаи технологияҳои муосир дар амалияи таълими фанҳои табиатшиносӣ” зери роҳбарии Ҳ. Маҷидов, доктори илмҳои техникӣ;
Бахши 5. Дар мавзӯи “Нақши илми физика дар пешрафти илмҳои табиӣ-техникӣ”, зери роҳбарии М. Сафаров, доктори илмҳои техникиро дар бар мегирад.