Мардуми Тоҷикистон охири ҳафтаи равон ва аввали ҳафтаи оянда 3 рӯз, аз 6 то 8 ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора муовини раиси Иттифоқҳои касаби Тоҷикистон Исмоил Файзизода ба “Азия – Плюс”хабар дод.
Мавсуф гуфт, ки се рӯзи пайи ҳам омадани рӯзи истироҳат ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон марбут аст, ки тибқи қонунгузорӣ агар рӯзҳои ид ба рӯзи истироҳат рост оянд, рӯзи кории баъди истироҳатӣ рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.
– Аз сабаби он ки имсол, рӯзи 6 ноябр, ки ҷашни Конститутсия мебошад, ба рӯзи шанбе рост меояд, тибқи қонунгузорӣ рӯзи душанбе истироҳат аст,- гуфт Файзизода.
6 ноябри соли 1994 – дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Баъдтар, вобаста ба тағйир ёфтани вазъи сиёсиву ҷамъиятии мамлакат дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ – 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағийроту иловаҳо ворид карда шудаанд.
Ҳамчунин 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи ворид кардани тағйирот, калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, танҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда.
6 ноябр – тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, рӯзи истироҳат муқарар шудааст.
Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus
Мардуми Тоҷикистон 3 рӯз истироҳат мекунанд: аз 6 то 8-ум ноябр | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus