Дар факултети таърих ва ҳуқуқ маҳфили “Пажуҳандагони Аҷам”-и назди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар кори маҳфил роҳбари илмии маҳфил номзади илмҳои таърих Наботов Ф.С., мудири кафедраи таърихи умуми ва фарҳангшиносӣ доктори илмҳои таърих Алимов Д.Х., ва ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштироку суханронӣ намуданд.
Донишҷӯён оид ба 16- уми ноябр – Рӯзи Иҷлосияи тақдирсоз ва омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” баромалд намуданд.