Дар толори Кохи фарҳанги Донишгоҳи далатии шаҳри Бохтар таҷлили 27-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, Наврӯз Тоирзода, прокурори гарнизони Хатлон, муовинони ректор, деканони факултетҳо ва омӯзгорону донишҷӯён доир гардид.

Нахуст, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав суханони табрикии худро ба иштирокдорон изҳор намуда, бо шукургузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда табрикоти худро идома бахшид.
Давлатзода Сайфиддин Хайриддин зимни суханронии худ иброз намуд, ки «Дар Конститутсия зикр мешавад, ки ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад».
Баъдан, Ҳукмиддин Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатии донишгоҳ омӯзорону донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори таҷлили Рӯзи ин санади муҳими давлатӣ-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, барои ҳифзу гиромидошти ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ иштирокдоронро таъкид намуд. Баён дошт, ки волоияти қонун баҳри Истиқлолияти бардавоми сарорсарии мардуми мо ва махсусан, ҳимояи ваҳдату якдилии миллати азизамон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, мо ба Конститутсияи давлати худ эҳтироми хоса дошта бошем.
Эмомалӣ Набизода, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ аз номи худ аҳли толоро ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки ҷавонони донишгоҳ бо донишу маҳорати худ ҳамеша дастгири сиёсати давлатанд. Аз ин рӯ, мо ҳамагон метавонем дар ҳифзу нигоҳдошти Конститутсияи ҷумҳурии азизамон нақши бориз дошта бошем.
Инчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо сипосномаю ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир, дастаи ҳунарии “Левакант”-и назди донишгоҳ бо рақсу суруд хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ
и ещё 6