Дастурҳои роҳнамое, ки тайи чанд соли охир аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар пешниҳод мегарданд, ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд.

Месазад, ки он дастурҳоро ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯза қабул кард ва ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони шукуфою сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза бахшида, барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунанд.
Сабаби асосии сар задани буҳрони экологӣ ин ноқисии тасаввуроти воқеӣ дар бораи одаму олам мебошад. Аксарияти одамон ҳоло ҳам ба моҳияти падидаҳои ғайриодиву заминиву осмонӣ сарфаҳм намераванд. Бинобар ин, ташаккул додани ҷаҳонбинии дуруст барои инсоният аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040»-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафаккури техникӣ мусаллаҳ метавонад бар зидди ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир бошад.
Ҳарчанд сол аз сол вазъи тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос беҳтар гардида бошад ҳам, мутаассифона, то ҳол мушкилоти бартараф кардани норасоии омӯзгорон ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълими фанҳои табии риёзӣ дар кишвар ба таври комил ҳалли худро наёфтааст. Чунончи, дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ эҳсос шуда, он аз ҳисоби ҷалби омӯзгорони ғайрикасбӣ таъмин карда мешавад, вале малакаву маҳорати нокифояи чунин муаллимон боиси дар сатҳи зарурӣ ба шогирдон расонида натавонистани маводи таълимӣ, инчунин аз амалия дур мондани донишҳои назарии муҳассилин мегардад.
Таҳлили омода намудани мутахассисони соҳа дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои охир аз рӯи ихтисосҳои фанҳои дақиқ нақшаи қабул иҷро нагардида, довталабон дар тақсимоти такрорӣ бо холҳои нисбатан паст ба ин ихтисосҳо дохил мешаванд Ҳамчунин дар ин муддат аз рӯи илмҳои мазкур ба шуъбаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷалби довталабон мушкил гаштааст.
Аз ин ҷо бармеояд, ки дар раванди омӯзиш ва усули таълими ин фанҳо, шояд омилҳое ҳастанд, ки барои азхуд кардани фанҳои дақиқ ба хонандагону донишҷӯён монеа эҷод мекунанд. Дар ин замина, мехоҳам оид ба баъзе аз масъалаҳои соҳаи илми ботаника, ки ҳамчун заминаи асосӣ барои ташакулли илмҳои дигари биологӣ хидмат менамояд, андешаи хешро баён созам. Илми ботаника ва самтҳои он, ки ҷузъи асосии соҳаи биология мебошад, айни замон дар заминаи 8 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, кафедра ва факултетҳои марбута омӯзонида мешавад.
Ҳамзамон дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуъбаи магистратура барои омодасозии кадрҳои илмӣ таъсис дода шудааст. Новобаста аз ин, муассисаҳои таълимӣ ба неруи кадрӣ, заминаи моддию техникии муосири таълимию озмоишӣ ниёз доранд. Агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар таҷҳизонидан ва ташкили синфхонаҳою озмоишгоҳҳои фаннӣ қисман ҳалли худро ёфта бошад ҳам, мушкилоти дигаре дар ин самт то ҳол боқӣ мондааст, ки ин фаъолият доштани омӯзгорони ғайритахассусӣ мебошад.
Фаромуш набояд кард, ки малакаи нокифояи касбӣ ва дар сатҳи лозима баргузор нашудани машғулиятҳои таълимӣ завқи хонадагонро коста гардонида, ба интихоби минбаъдаи касби хонандагони фаъол таъсири манфӣ мерасонад. Дигар аз масъалаи мубрами рӯз дар соҳаи фанҳои дақиқ он аст, ки омӯзгорону донишҷӯёни ин риштаи муҳим дар сатҳи зарурӣ забонҳои русӣ ва англисӣ намедонанд ва ин омил низ имконияти таҳсил, такмили ихтисос ва иштироки кадрҳои илмии соҳаро дар чорабиниҳои хориҷи кишвар маҳдуд кардааст ва дар ин самт зарур аст, ки ҳарчи зудтар тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.
Дар кафедраҳои тахассусӣ ва методикаи таълими фанҳои дақиқи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар фаъолият доштани мутахассисони ғайрикасбӣ, ба ҳайси мудир ва омӯзгор аз масъалаҳои дигари ташвишовар мебошад, ки омили дар сатҳи лозима омода нагардидани нерӯи кадрии ин фан дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Дар ҷумҳурии мо намояндагони мактабҳои илмии олимони шинохтаи даврони Шӯравӣ, аз қабили Ҳисориев Ҳ., Якубова М. , Раҳимов С., Қудратов И. Гиёсов Т. ва дигарон кору фаъолият доранд, ки то имрӯз дар хориҷӣ кишвар таҳқиқотҳои илмии онҳо пазируфта шуда, онҳо ҳамчун чеҳраҳои маъруфи илмӣ ба ҳисоб мераванд.
Ин олимони соҳа низ метавонанд дар омодасозии неруи кадрӣ ва нигоҳдорию рушди минбаъдаи мактаби илмии соҳавии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд. Айни замон дар шуъбаи рӯзона ва фосилавии 4 факултети равияи фанҳои дақиқи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав зиёда аз 6 243 нафар донишҷӯ (аз ҷумла дар шуъбаи фосилавӣ 3269 нафар) таҳсил менамояд, ки ба онҳо 208 нафар омӯзгорон, ки беш аз 50 нафарашон олимони соҳавӣ мебошанд, дарс мегӯянд.
Профессорон Санг Холназаров, Ҷумъабой Сафаров, Файзулло Шамсиддинов, Абдурасул Сатторов, дотсентон Ҷумъа Бердиев, У. Нуров, Ҷ. Собиров, Х. Ойматова ва чанде дигарон аз зумраи мутахассисони соҳа маҳсуб меёбанд. Яке аз омилҳои асосӣ ва таъсиргузор дар раванди таҳсилот ташкилу баргузории самараноки таҷрибаомӯзии таълимӣ -истеҳсолӣ ё омӯзгорӣ ба шумор меравад. Дар ин самт Донишгоҳи давлатии Бохтар бо 23 мтму шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Кушониён шартномаҳои ҳамкорӣ ва дар 11 муассисҳои таълимӣ кабинетҳои методии кафедраҳои методикаи таълими фанҳоро ташкил кардааст.
Инчунин бори аввал таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети химия-биология дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд, ки 8 нафар донишҷӯён аз маҳорати касбии омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ, ки хамткунандагони онҳо дар гурӯҳи ихтисосҳои 5 -уми равияи тиббию биологӣ муваффақанд, бархурдор гардиданд.
Барои ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқсозии раванди таълим ва гузаштани барномаҳои таълимии ин ихтисосҳо аз аккредитатсияи байналмиллалӣ гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ, озмоишгоҳҳои муосир, таҷҳизоту маводҳои озмоишӣ барои дарсҳои амалӣ, ки малакаи касбии омӯзгорони ояндаро қавӣ менамояд, ташкил карда шудааст. Ҳамзамон бо кумаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои методикаи таълими фанҳои дақиқ (химия, биология ва физика) маводу таҷҳизоти дарсҳои амалӣ дастрас карда шудааст.
Инчунин барои дар сатҳи зарурӣ омода намудани мутахассисони оянда, ташкили дарсҳои иловагии русӣ, видиодарсҳо аз донишгоҳҳои шарики хориҷи кишвар, ба монанди Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Маскав, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов ташкил ва баргузор карда шуд. Ин икдом соли ҷорӣ барои донишҷӯён бамаротиб зиёд карда мешавад.
Соли ҷорӣ барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети химия ва биология мавзеи таълимию –таҷрибавии «Загертут» ба фаъолият оғоз намуд, ки зиёда аз 221 нафар донишҷӯён дарсхои таҷрибавии худро дар ин мавзеъ гузаштанд. Бо боварӣ метавон зикр намуд, ки сафару шиносоии донишҷӯёни курси якуми факултети химия-биология рӯзи 20.10.2021 ба Боғи ботаникии шахри Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ба рушди касбии онҳо таъсиргузор хохад буд. Илова ба тадбирҳои андешидашуда, оид ба бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи самти омодасозии кадрии илмҳои дақиқ ҳалли чунин масъалаҳоро пешниҳод менамоям:
-ба талаботи муосири илмӣ мутобиқ сохтани озмоишгоҳҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо ҷалби мутахассисони арзандаи соҳавӣ ба таълими ин фанҳо;
-ташкили дарсҳои методикаи таълими фанҳои дақиқ бо назардошти таъмини озодии академии муҳассилин дар дарсҳои амалӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони фаннӣ дар дохил ва хориҷӣ кишвар;
-тадбиқи имтиёзҳои муқарарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутахассисони ҷавон, ба монанди қарзҳои имтиёзноки давлатӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дар маҳал;
-аз суратҳисоби махсус, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар фонди муассисаҳо расонидани кӯмакҳои молиявӣ ба магистрантҳо, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва нашри мақолаҳои илмӣ;
-имтиёз ба кормандони асосии муассисаи таълимӣ дар самти таҳсили ройгон дар зинаи магистратура ва докторантураи назди муассисҳо;
-таҳлили воқеии ҳисоботи даврии муҳасилини зинаҳои аввали
– магистрант ва докторантҳо; -пеш аз нашр бо ҷалби доираи васеъи олимон гузаронидани муҳокимаи илмии маводҳои омоданамудаи мутахассисон дар лаборатория, кафедра ва факултетҳо;
-ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилалии судманд бо пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳавии хориҷи кишвар дар мавриди омодасозии кадрҳои илмӣ ва методикаи таълими муосир;
-бо назардошти афзалияти нерӯи кадрии илмӣ, ташкили Шӯрои диссертатсионии соҳавии муштарак дар назди муассисаҳои илмию таълимии Тоҷикистон;
-ташкили таҳсил ва таҷрибаомӯзии аспирантон ва унвонҷӯёни соҳаи илмҳои дақиқ дар хориҷи кишвар тавассути бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ, созишномаҳои ҳамкорӣ ва Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон».
Дар мавриди ҳалли мусбати масъалаҳои номбаршуда метавон итминон намуд, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар кадрҳои арзанда ва сазовору тобовар ба бозори иқтисодӣ омода хоҳанд шуд.
ДАВЛАТЗОДА Сайфиддин Хайриддин,
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (один или несколько человек, люди стоят, напиток и в помещении)