Конститутсия – гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон санади танзимкунандаю муайянсозандаи низоми давлатдорӣ, муҳимтарин кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Эмомалӣ РАҲМОН

Яке аз дастовардҳои бузурги сарнавиштсоз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон ва муқаррар намудааст. Конститутсия натанҳо сохти ҳокимият ва шакли идоракунии давлат, балки консепсияи дурнамои қонунгузории миллиро низ муайян месозад.
Мувофиқи ҳуқуқ ва озодиҳои фитрии инсон, ҳифзи дониши онҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пайваста риоя ва таъмин мегарданд. Дахлнопазир эълон намудани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва ба уҳдаи давлат вогузор гардидани он яке аз нишонаҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зиёда аз сад миллату халқият зиндагӣ мекунанд, ки мавҷудият ва фаъолияту таъминоти манфиатҳои тамоми онҳо тибқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст. Тибқи боби 3, моддаи – 5 уми Коститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқ ва озодии инсон арзиши олӣ дошта, кафолати онҳо аз тарафи давлат риоя ва ҳифз мегардад.
Давлат ва мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳо вазифадоранд, ки Коститутсия ва қонунҳои онро риоя намоянд. Хулоса, давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон, ҳамчун давлати демократӣ ташкили давлатдории худро тавассути Коститутсия ба роҳ монда, чун воҳиди баробарҳуқуқии ҷомеаи байналмиллалӣ сиёсати дохилию хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар ва риояи меъёрҳои аз ҷониби умум эътирофгардида ба роҳ мондааст.
Дилдора МИРАХМАДОВА,
ассистенти кафедраи МАТЗАР, факултети забони русӣ
Возможно, это изображение (небо и текст)