Ростиро карда оин журналист,
Ҳақназар, ҳақгӯю ҳақбин, журналист.
Беғараз, бепарда мегӯяд сухан,
Эй забонаш талхи ширин, журналист.
Ҳеч чиз аз чашми ӯ пинҳон намонд,
Тез чашмаш ҳамчу шоҳин, журналист.
Ёбад аз он сӯи дунё ҳам хабар,
Ё навиде ёбад аз Чин, журналист.
Кори ӯ дарёфти адл асту бас,
Чашми моро гашт пурбин, журналист.
Эй басо «кас»-ро хасу хошок кард,
Зидди ноаҳлони хоин, журналист.
Ҳақталошӣ гоҳ беошаш кунад,
Бенавою гоҳ мискин, журналист.
Эй басо қурбон шуда дар роҳи ҳақ –
Бегунаҳ, беҳуда, бекин, журналист.
Ҳамчу афсар дар қатори аввал аст,
Дар дифои донишу дин, журналист.
Охирин уммедгоҳи миллат аст,
Халқро ҳамрози дерин, журналист.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Возможно, это изображение (1 человек и текст «премия профессия журналист»)