Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти хеш бо намояндагони ҷомеаи кишвар иброз доштанд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад.

Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».
Ҳамаи созмону ташкилоти байналмилалӣ ва сарони давлатҳо барои пешгирӣ аз амалҳои террористиву экстремистӣ талошҳои зиёд карда истодаанд. Дар баробари ин, ҳамарӯза дар воситаҳои ахбори омма барои пешгирӣ аз ин хатари ҷаҳонӣ маводи зиёд ба нашр мерасанд, ки чӣ будани ин гурӯҳҳои ифротгароро шарҳу баён медиҳанд. «Маъмулан, имрӯз дар муошират, дар забони илм ва воситаҳои ахбори омма ифротгароиро «экстремизм», тундравиро «радикализм» ва даҳшатафканиро «терроризм» мегӯянд.
Аз ифротгароии динӣ то терроризм қадаме беш нест. Мушкил он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи инсон, муносибати ӯ ба муҳит ва робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад», қайд намудаанд коршиносони соҳа. Ҷавонон имрӯз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсил дар хориҷа ва дигар роҳҳо ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шуда истодаанд. Дар моддаи 179-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи асосии терроризм ишора мешавад. Ҳадафи чорум бошад, аз тарсонидани аҳолӣ иборат аст.
Албатта, терроризм ва экстремизм бавуҷудоварандаи фазои хавф ва тарсу ҳарос мебошанд. Бешубҳа, дар ҷомеа кӯдакон, наврасон, ҷавонон, пирон-намояндагони синну соли гуногун фаъолит ва кору зиндагӣ доранд. Ба ҳар кадоме аз инҳо ба шаклҳои мухталиф таъсири манфӣ расонида мешавад. Яъне, ифротгароён барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҳар роҳу восита зарари хешро мерасонанд. Набояд фаромӯш кард, ки терроризм ва экстремизм ба ҳеҷ кас раҳм надорад. Муқаддасотро намешиносад ва эътироф намекунад.
Пайдост, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бештар ҷавононро, ки нерӯи тавонои ҳар як давлату миллати соҳибистиқлол маҳсуб меёбанд, ба доми худ меандозанд. Қисмати зиёди ҷавонони гумроҳ аз мақсадҳои нопоки онҳо ғофил гардида, гумонҳои хом ба сар фикр мекунанд, ки маблағҳои муфт ба даст оварда, дар роҳи ҳақ шаҳид мегарданд. Онҳо худро муборизони ислом меҳисобанд, бехабар аз он ки хоҷаҳои хориҷии онҳо бо истифода аз номи ислом мехоҳанд оромиву субот, истиқлолият ва сохти конститутсионии кишвари азизамонро халалдор созанд.
Аз ин рӯ, мо, ҷавононро мебояд ба қадри сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва истиқлолияти пойдори кишварамон расем. Ҳамеша дар лавҳи хотир доштанамон зарур аст, ки ҷавонон неруи тавоно ва ояндасози давлату миллат ҳастем. Нагузорем гирифтори ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ бошем.
Мо ҷавонони якдилу якмаром баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва пойдории ваҳдати миллӣ бо омӯзиши илм бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон хоҳем бурд.
Матлаъи НУР, «Фурӯғ»
Возможно, это изображение (текст «요 f in t»)