Проблемаи «тағйирёбии глобалии иқлим» имрӯз яке аз мушкилот ё муаммои экологии башарият маҳсуб меёбад. Далели тағйирёбии глобалии иқлим бо мушоҳидаҳои илмӣ тасдиқ шудааст ва дар атрофи ин мавзӯъ мубоҳисаҳои илмӣ ҳамеша ҷараён дорад. Тағйирёбии иқлим – ин нишондоди ивазшавии иқлими Замин куллан ва ё дар минтақаҳои алоҳидаи он мебошад, ки сол аз сол бештар мушоҳида мегардад.

Сабаби тағйирёбии иқлим ин ҷараёни динамикӣ дар Замин, таъсири беруна, ба мисли ивазшавии шиддати нурафкании Офтоб ва ифлосшавии ҳавои атмосфера бо партовҳои саноатӣ ва воситаҳои нақлиёт мебошад.
Дар Тоҷикистон ҳам гармшавии иқлим яке аз проблемаҳои собиқадори экологӣ ба ҳисоб меравад. Далели тағйирёбии иқлимро дар обшавии пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Мувофиқи далелҳои яхшиносон (глясиологҳо) таи даҳсолаи охир пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаъҳои оби минтақаанд, қариб 30 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд ва ин тамоюл пайваста идома дорад. Масалан, дар ин давра пиряхи Скогач, дар нимаи дуюми садсолаи асри ХХ 98,8 млн. м3 ҳаҷми ях – 8% массаи умумиашро талаф дод.
Пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъаи хушкии Замин – дар ин давра қариб 1 километр кӯтоҳ шуда, масоҳаташ ба андозаи 11 километри мураббаъ ихтисор гаштааст ва ҳаҷман тақрибан 2 километри мукааб ях талаф ёфтааст. Обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна низ паёмади номатлубе дар пай хоҳад дошт. Бахши асосии захираҳои оби минтақа аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар сурати коҳиши оби дарёҳо ба соҳаи кишоварзӣ бахусус арсаи кишт ва парвариши пахтаву боғҳои навбунёд, ки аз маҳсулоти асосии содиротии бисёре аз ин кишварҳост, ҳисороти зиёде хоҳад овард.
Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду калони Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.
Тазаккур бояд дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди умумиҷаҳонии экологӣ корҳои илмию тадқиқотӣ дар бораи тағйирёбии иқлим ва таҳияи нахустин гузориши миллӣ анҷом пазируфт. Инчунин, дар доираи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тағйир ёфтани иқлим моро водор мекунад, ки обро захира намоем. Бо ин мақсад обанборҳои мавҷударо пур намуда, обанборҳои нав созем. Ба сарфи беҳудаи об дар фаъолияти истеҳсолии аҳолӣ роҳ надиҳем. «Об боигарии муқаддас», «Об аст – ободонӣ ҳаст», имрӯз суханони Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Об тақдири мо, об ояндаи мо»-ро илова намуда, ба он ноил гардем, ки ба маънии суханон аз кӯдаки дар кӯдакистон тарбияёбанда, то донишҷӯи мактаби олӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сарфаҳм равад ва дар ҳалли ин масъалаҳо ҳиссагузор бошад.
Ҷ. БЕРДИЕВ,
дотсенти кафедраи экология
Возможно, это изображение (облако, трава и текст)