Вақт яке аз лаҳзаҳои ҳаёти инсонӣ ба ҳисоб меравад, қадру қимати вақт дар ҳолате дарк карда мешавад, ки онро аз даст медиҳем. Инсоният вақти хешро бояд тарзе тақсим созад, ки ба пушаймонӣ оварда нарасонад. Мо, донишҷуён вақти қимати хешро бояд дар пайи ҷустуҷӯйи илму маърифат сарф созем.

Яке аз сарватмандтарин шахс чунин гуфта буд; Агар вақти инсониро дар бозор савдо мекарданд ман 70 соли ҳаёти худро мехаридам, лекин чунин шуданаш амри маҳол аст. Шахсоне буданд ва ҳастанд, ки аз худ номи нек боқӣ гузоштаанд ва то ҳол номи онҳо вирди забони мост, аз қабили Рӯдакӣ, Ибни Сино, Хайём ва дигар мутафаккирон.
Инсоният баъзан вақт маҷбур мешавад, ки ба хотири баъзан чиз ё ба хотири шахсе вақти худро сарфа созад ва баъдтар ҳис мекунад, ки дӯст доштани дунёи фонӣ беҳуда будааст. Вақти хешро танҳо ба хотири сарфи илму маърифат ва ба хотири чизе сарф созед, ки ба қадру қимати вақти шумо расад.
Ёдгорҷон ҚУРБОНОВ,
донишҷӯи соли дуюми факултаи физика
Возможно, это изображение (текст «12 11 10 1 2 March Mo We 9 3 4 5 6 7 8 13 14 15 1819202122 18 20 21 22 25 26 27 28 29 8 1 4 6 luesday, March 2013»)