,

– зери ин мавзӯъ дар асоси нақшаи корӣ Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва К. Расулов, сардори Бахши маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони Коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав роҷеъ ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани масъулияти шарҳвандӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Шамсулло Баҳодуров, директори колеҷи мазкур гузаронидани чунин вохӯриҳои судмандро муҳим арзёбӣ карда, зикр дошт, ки чунини тарзи корбарӣ пеш аз ҳама баҳри пешрафти кор мусоидат мекунад.
Мудири кафедраи рӯзноманигорӣ Сангимурод Шарипов зимни суханронӣ ба устодону кормандони коллеҷ пешниҳод намуд, ки дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ фаъол бошанд.
Дар ин баробар, К. Расулов, сардори Бахши маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ изҳор дошт, ки ҷомеаи имрӯза аз ҳар кадоми мо самаранок истифода бурдани воситаҳои иттилоотиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, мо бояд дар набардҳои иттилоотӣ фаъол бошем ва аз манфиатҳои миллату давлат дифо намоем.