Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун аввалин асосгузори давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илму маърифат ва фарҳангу адаби миллати тоҷик шинохта шавад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ- забони модарӣ, фарҳанг, маданият фидокориҳои бемисл нишон дод.

Миллати тоҷик таърихи ғанӣ ва пуршебу фарозе дошта, дар интиҳои асри бист ва ибтидои асри бисту як ин миллати мутамаддину куҳанбунёд бар сари дуроҳаи ҳастию нестӣ қарор гирифт. Дар ин айёми яъсу ноумедиҳо чашмҳо интизори зуҳури як наҷотбахш буданд.
Баҳри адои ин рисолати таърихии бузург шахсияте бурун омад. Оре, ин шахс Пешвои миллатЭмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ дар вазъияте масъулияти роҳбарии мамлакатро бар дӯш гирифт, ки ҷанги дохилии шаҳрвандӣ натанҳо иқтисодиёти кишварро хароб карда буд, балки бо зарбаҳои ҷонкоҳи худ ақлу дини мардумро низ зери ҳадаф қарор дода буд.
Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид ва баъдан донаи умед ба таровату файзи борони Оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.
Маърифат СОЛИҲОВА,
донишҷӯи бахши 1- уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, факултети филологияи тоҷик
Возможно, это изображение (один или несколько человек, люди стоят и костюм)