Интернет дар айни замон як маҳзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаётии инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар як шахс новобаста аз самти фаъолият метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳои ҷустуҷӯкунанда маълумотҳоеро пайдо намояд, ки соатҳо дар китобхонаҳо дар ҷустуҷӯи он ранҷ мекашид.

Ин аст дастоварди бузургтарини асри ХХI, ки инсоният тавонад бо сарфи ками вақт маводи лозимаро аз махзанҳои электронӣ дастрасӣ намояд. Яке аз мақсади асосии Президенти кишвар низ зимни пиёда намудани лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо компютер ва пайваст намудан ба шабақаи интернет он аст, ки устодон ба хонандагони мактабҳо тарзи дурусти истифодаи компютерро омӯзанд ва чун тарғибгари ватани худ ба воя расанд. Агар мо зинаи аввали одоби муоширатро аз мактабҳо ба хонанда омӯзем, боварӣ дорам, ки дар оянда насли наврас интернетро танҳо ба манфиат истифода мебаранд.
Ҷиҳати мусбати интернет дар он аст, ки ин шабака бо пешбарикунандаи анъанавӣ маданият, аз ҷумла маданияти сиёсию ҳуқуқӣ буданаш фарогири таҷрибаи бойю рангин дар ин самт мебошад, ки бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад, фаҳмиши хешро перомуни талаботи қонунгузориҳо ва сиёсати амалишавандаи ҷомеаи муосир сайқал ва вусъати тоза бахшад. Ҳамчунин ин шабакаи оламшумур дар доираи афзалиятҳои беназири худ ба кулли истифодабарандагонаш имкон медиҳад, ки на танҳо аз захираи мавҷудаи донишҳои чӣ рӯзмара ва чӣ илмӣ дар он баҳравар шаванд, балки ба воситаи ворид шудан ба фазои муоширати интернетӣ аз тариқи чат ва ҳамоишҳо ба дилхоҳ суолҳои изтиробовари хеш, алалхусус мутааллиқ ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ посухҳои то ҷое амиқу фаврӣ гирифта бошанд.
Имрӯзҳо ин хуб аст, ки бачаҳои замони мо бештар рӯ ба воситаҳои навтарини иттолоърасон меоранду кӯшиши гирифтани донишҳоро маҳз аз ҳамин қабил васоити аслан созгор мекунанд, аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки асосан ба кадом ваҷҳу ҳадафашон вориди фазои интернетӣ мешаванд? Ё худ, оё насли наврас аз шабакаи ҷаҳонӣ ҳамеша нафъ мебардоранд, ё зиён?
Дар иртибот бо ҳамин суол таҳлилҳо ва сӯҳбатҳои мо бо чанде аз наврасони хурдсол айён сохт, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари афроди наврас ба фазои интернетӣ – ин машғул шудани эшон ба бозиҳои компютерӣ ва ба гунаи хоси худ ҳаловат бурдан аз онҳо мебошад. Вале дар асл ин намуди ҷадиди бозиҳо чӣ дар рушди ҷисмонӣ ва чӣ зеҳнии толибилмон заррае суд надошта, баръакс соатҳои тӯлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани бачаҳо, аз як тараф боиси тадриҷан ба онҳо вобастагии рӯҳиро пайдо карданашон шуда, аз сӯи дигар сабаби қафомонии раванди камолоти умумии наврасон аз ривоҷи муътадили хеш мегардад.
Яке аз хусусиятҳои дигари мусбати интернет фавран пайдо намудани маълумоти зарурӣ, муносибат ва мукотиба бо дӯстон аз тариқи Вконтакте, Мой-мир, Одноклассники ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, худидоракунӣ, гирифтани маълумоти иловагӣ, васеъ кардани доираи имконият, таъмини истироҳат, ба шакли муайян даровардани соҳибихтиёрии ииттилоотӣ, маҳорати кор бо маълумот, ба тартиб даровардан ва истифода бурдани маводи лозимӣ мебошад. Интернет дар баробари доштани хусусиятҳои мусбаташ дорои як қатор хусусиятҳои манфӣ низ мебошад, ба монанди силкаҳои динию мазҳабӣ, худқотилон, таассуб, сайтҳои моҷароҷӯёна, сайтҳои беҳаёиву фаҳш, фиребгарӣ ва ғайра корҳои аз одобу услуби одамӣ берун, маълумотҳои носаҳеҳ ва бардурӯғ, қабул ва фиристондани маълумоти бардурӯғ.
Бад шудани вазъи саломатӣ, паст ва ё гум шудани биноӣ, каҷ шудани сутунмуҳра аз ҳисоби бисёр гузаронидани вақти худ дар назди компютер ва нодуруст нишастан дар сари он, дучор шудан ба касалиҳои асаб ва руҳӣ дар натиҷаи бозиҳои онлайнӣ ва ғайра, ки бо ворид шудан ба ин шабакаҳо ва истифодаи нодурусти интернет метавонад ба нерӯи ақлонии кас таъсири бузурги манфӣ расонад.
Барои аз ин ҳаракатҳо раҳоӣ ёфтан мо бояд бозиҳои шавқовар ва дарсҳоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ дарёфт намоем, почта ва файли худро ҷудо кунем, барои кӯдакон рӯзнома кушоем, ки кори ҳар рӯзаашро сабт намояд, маслиҳат диҳем, ки бо фотошоп кор кунад ва ба тартиби дигар сохтани ҳар гуна барномаҳо машғул шавад, бо ин тарз мо сатҳи таъсирнокии интернетро дар ҷомеа ба тарзи мусбат роҳандозӣ менамоем ва «ақли тиллои»-и наврасонро пайи амалишавии ҳадафҳои мусбати хеш ва ояндаи неки онҳо муайян месозем.
Амиршоҳ РАҶАБОВ,
мудири кафедраи таърих ва ҷомеашиносии коллеҷи омӯзгори ДДБ номи Н.Хусрав
Нет описания фото.