Дар асоси нақша чорабиниҳо Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети педагогика ва варзиш зери унвони “Президент – рамзи иттиҳод ва сарҷамъии мост” чорабинии илмӣ баргӯзор гардид.

Дар чорабини Набизода Эмомалӣ, раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ, Ҳусензода Фаридун, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Шарифзода Шаҳноза, раиси бонувони факултети мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Набизода Эмомалӣ, оаиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ, оид ба муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ суханрони намуд.
Зимни суҳбат қайд намуд, ки хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то ҳол барои таъмини зиндагӣ арзандаи мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сулҳу оромӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик, ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, барои мардуми
Сипас, Ҳусензода Фаридун, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, вобаста ба даҳ самти афзалиятноки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, оид ба иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, пешгирӣ аз даст задани ҷавонон ба худкушию худсӯзӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, корҳои ҷамъиятӣ, аз бар намудани илмҳои муосир ва дастовардҳои ҷавонон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ баромад намуд.
Дар охир донишҷӯён оид ба дастовардҳои ҷавонон, пешравиҳои соҳаи илму маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ, аҳамияти ваҳдати миллӣ, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30- соли соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуданд.