Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии «Низоми андоз»-и назди кафедраи андоз ва андозбандӣ баргузор гардид, ки дар он мудри кафедра, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Бахтовар Файзуллоев, роҳбари маҳфил зимни кушодашавии маҳфил оид ба нақшаи баргузоршавии маҳфил маълумот дод. Дар идомаи маҳфил Зокирҷон Асроров, мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ ба иштирокдорон оид ба меъёри андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.
Сипас, Маҳмадҷон Наботов, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзӯи “Тартиби ҳисоб ва пардохт намудани андози амвол ба буҷет” баромад кард.
Зимни баромад гуфта шуд, ки андози заминро заминистифодабарандагон, ки қитъаҳои замин ба онҳо барои истифодаи якумраи меросӣ, бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё ба иҷора дода шудаанд, ё заминистифодабарандагони воқеан қитъаҳои заминро истифодабаранда, пардохт менамоянд.
Дар идомаи суханронӣ гуфта шуд, ки меъёрҳои андоз аз як гектари замин дар миқёси вилоятҳо ва шаҳрҳо (ноҳияҳо) бо дарназардошти минтакаҳои кадастрӣ ва намудҳои замин, аз ҷумла заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои зери чангалзор ва буттазорҳои маҳалхои аҳолинишин ва заминҳои истифодаи кишоварзӣ ҳар 5 сол бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба заминсозӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Ҳисоб намудани маблағи андози замин мувофиқи тартиби зайл вобаста ба ҳаҷми қитъаи замин, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:
• То 800 метри мураббаъ – бо меъёри 1-карата;
• Аз 800 то 2000 метри мураббаъ – бо меъёри 2 карата;
• Зиёда аз 2000 метри мураббаъ Бо меъёри 5 карата;
Меъёри андоз тибқи андозаҳои зерин мукаррар карда мешавад:
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашавандаи то 90 метри мураббаъ – ба андозаи 3 фоиз;
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули ба сифати биноҳои (ҳуҷраҳои) истиқоматӣ истифодашавандаи зиёда аз 90 метри мураббаъ – ба андозаи 4 фоиз;
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули барои амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифодашавандаи то 250 метри мураббаъ – ба андозаи 12,75 фоиз;
– барои объектҳои молу мулки ғайриманқули барои амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифодашавандаи зиёда аз 250 метри мураббаъ – ба андозаи 15 фоиз;
Аз рўи объектҳои ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳй ва истироҳати ҷойгир мебошанд, меъёрҳои андоз ба андоза 2-карата муқаррар карда мешавад.
Андозаи (ҳаҷми) объектҳои ғайриманқул дар асоси ҳуҷҷатҳои техникии дахлдор муайян карда мешавад. Андозаи (ҳаҷми) объектҳои ғайриманқул инчунин тавассути аз берун чен кардан ё дар ҳолати имконнопазир будани ченкунии беруни, аз рўи масоҳати умумии муфиди манзили дохилии объект, ки ба коэффисиенти 1,25 зиёд карда шудааст, аз ҷониби мақомоти андоз бо иштироки андозсупоранда муайян карда мешавад.