Имрӯз дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гашт.

Дар ҷамъомад Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ Давлатзода Сайфиддин Хайриддинро ба иштирокчиёни чорабини расонид.
Дар идомаи суханронӣ иброз намуд, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳалқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.
Гуфта шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад. Илова гашт, ки маҳз сиёсати дурандешона ва ботадбиронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш пайдо намуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат муайян карда шуданд.
Давлатбек Қурбонов, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон: Заҳматҳо, дастовардҳо ва муаррифии миллат” баромад намуда афзуд, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз шуд, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гашт, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор шуд, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Дар ин радиф Файзиддин Наботов, мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ дар мавзӯи “Иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон” суханронӣ кард.
Ҳамзамон зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Баъдан, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби дастаи “Левакант”-и донишгоҳ манзур гардид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ