Аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти классикии тоҷик миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавру магистрҳо) – Малоҳати Усмонзода, донишҷӯи курси 4-уми донишгоҳ, сазовори ҷойи 1-ум, Каримова Шоира, донишҷӯи курси 3-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 3-ум ва Худойбердиева Улдона, донишҷӯи курси 2-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 3-юм шуданд. Миёни аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, миёни кормандони касбу кори гуногун – Парвинаи Шариф сазовори ҷойи 1-ум ва Собиров Лоиқ, омӯзгори факултети филологияи тоҷик сазовори ҷойи 3-юм шуданд.
Аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик миёни хонандаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ – Юсупова Сафиямоҳ, хонандаи синфи 7-уми Литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав, сазовори ҷойи 2-юм ва Сафарзода Гулфар, хонандаи 2-юми Литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адибони ҷаҳон миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ – Муҳтарамаи Зиёвуддин, донишҷӯи курси 2-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 1-ум, Шукурова Сайёҳат, донишҷӯи курси 3-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 2-юм ва Сафарова Шаҳноза, донишҷӯи курси 3-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 3-юм шуданд.
Аз рӯйи номинатсияи хондан ва азёд кардани осори адабиёти муосир миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ – Сироҷиддинов Афзалшоҳ, донишҷӯи курси 3-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 1, Сафаров Ҷумахон, донишҷӯи курси 2-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 2-юм ва Гулбарги Толибшозода, донишҷӯи курси 3-юми донишгоҳ, сазовори ҷойи 3-юм гардид. Миёни аспиранту докторантҳо ва ходимони илмӣ – Зоиров Холмурод, унвонҷӯи факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм дониста шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ
![Возможно, это изображение (текст)](https://scontent.fdyu3-1.fna.fbcdn.net/v/t39.30808-6/s720x720/258185326_2705458119759994_3016916430741911380_n.jpg?_nc_cat=106&_nc_rgb565=1&ccb=1-5&_nc_sid=825194&_nc_ohc=_aMTUXmZy1AAX99a0m_&_nc_ht=scontent.fdyu3-1.fna&oh=9a9391e73e8e49df8c0f98461e449a98&oe=619A6325)