Бахшида ба Рӯзи Президент бо ташаббуси шӯъбаи рушди сайёҳии вилоят ва ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” хатсайри Бохтар-Левакант-Вахш-Бохтар ташкил карда шуда, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба тамошои осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии вилоят ҷалб намуданд.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба хотири пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо буда, ҷалби онҳо ба омӯзиши таъриху фарҳанг ва илму дониши муосир мебошад.
Инчунин, дар ин рӯз шарики иттилоотии шӯъбаи рушди сайёҳӣ-рӯзномаи “Хатлон” бахшида ба Рӯзи Президент аксияи тақсими газетаро ба роҳ монда, беш аз 50 нусхаи рӯзномаро ба донишҷӯёну устодон тақсим намуданд, ки нашри махсус бахшида ба Рӯзи Президент мебошад.
18