Сарвари маҳбуби мо нисбати арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон дилсӯз аст, ки дар давоми корнамоиҳои илмии бузургони миллатамон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода, устод Айниву аллома Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба тамаддуну таърихи ориёиҳо як зумра китобу мақолаҳо навишт.

Асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Фарҳанг- ҳастии миллат», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёиҳо», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Забони миллат- ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои истиқлол» ва бисёр асарҳои дигари саршори муҳаббат қадршиносӣ ба таърих ва имрӯзи кишвар иншо гардидаанд. Ин асарҳо бояд китоби рӯимизии ҳар як зиёии тоҷик, ҳар як фарди худогоҳу ватанпарвар бошад.
Эҳёи хотираи таърихии халқ дар мисоли баргузорӣ ва арҷгузории шахсиятҳои бузурги таърихии миллат дар замони истиқлолии кишвар бузургтарин восита ҷиҳати тақвияти ҳувияти миллист. Пешвои миллат худ дар ин бора чунин мефармояд: Таърих гувоҳ аст ва собит кардааст, ки танҳо он халқ, он кишвар аз нестиву аз фалокатҳо метавонад наҷот ёбад, ки пешвои наҷибу ҷоннисори худро дошта бошад. Имрӯз ҳамаи мо шоҳидем, ки Пешвои миллати мо ба қавли худ содиқ монд, яъне бо талошу ҷоннисориҳои қаҳрамонона Эмомалӣ Раҳмон ба ватани муқаддаси мо -ба Тоҷикистони азизи мо сулҳ овард, зиндагӣ овард, умеду нишот овард. Устоди зиндаёд, шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд корнамоии мардонаи Пешвои миллатамонро хуб ба қалам овардааст: Марди мардӣ, марди фардӣ дар замину дар замона, Дар дили мардум ниҳодӣ аз садоқат ошёна.
Чеҳраи пурнури ту шуд нури бахти миллати мо, Шаҳнавози миллати мо, шаҳсутуни давлати мо. Ҷамъ кардӣ миллати садпораи тоҷики моро, Шуъларезон карди шоми талхи мо, торики моро. Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Пешвои муаззами миллат дар оянда илму фарҳанг ҳамчун як рукни муҳими тамаддуни миллии мо беш аз пеш рушду тараққӣ мекунад ва Ватани маҳбубамон боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву нерӯманд гардида, обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мегардад.
Маърифат СОЛИҲОВА,
донишҷӯи бахши 1- уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)