Арзанда аст он хизматеро, ки бо амали гардиданаш миллати тоҷик аз парокандагию нобудшавӣ раҳо ёфта, маншаи рушдро касб намуд дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ намоянд. Месазад он лавҳаеро бар миллате заринкӯб намуд, ки хизмати арзандаи абармардонашро қадр ва пос медорад. Дар радифи ин метавон пайкори нафареро, ки маърифатгароиро дар сиёсат мақоми баланд дода, маорифро ҳамчун таҳкимбахшу наҷоти миллат донистааст, фаромӯш насозем.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар симояш таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон таҷаллӣ гардидааст, ҳанӯз аз нахустсуханонаш дар ҷаласаи тақдирсози Хуҷанд (иҷлосияи XVI Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар дили мардум бо пайкори созандааш ҳамчун пайкари осоиштагиву амният маскан пазируфта, дар афкори халқ чун ҳомии миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол пазируфта шудааст. Барҳақ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунеро қабул намуд, ки мардуми тоҷик онро кайҳо дар қалбашон парвариш менамуданд. Ин иқдом саҳифаи тозаеро дар таърихи давлатдории нави тоҷикон боз кард.
Дар ҳақиқат, хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар такмили сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳбари дурандеш, сулҳофарин, ваҳдатпеша, дӯстдори халқи хеш беандоза зиёд аст. Хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди миллат беҳамто аст. Махсусан ин талошҳо дар рушди соҳаи маъориф, тайёр намудани мутахасисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост. Бо шарофати истиқлолият мардуми кишвар имрӯз дар даврони тинҷиву амонӣ, сулҳу субот, бо ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳазорон нафарро бе хонаю дар, фирорӣ карда буд, ҳанӯз фаромӯш нашудааст.
Сарфи назар аз душвориву мушкилот танҳо бо заковати баланди хеш, нотарсӣ ва матиниродагии ба худ хос, бо заҳмати шабонарузӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар мӯҳлати аз нигоҳи таърихи кӯтоҳ Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, мардуми парешонро сарҷамъ намояд, садҳо ҳазор гурезагонро ба ватани аждодӣ баргардонад ва умеди сокинони кишварро ба ояндаи нек ва сулҳу оромии Ватан пайдо намояд. Соли 1992 дар шароити хеле душвори сиёсӣ, дар шароите, ки хавфи парокандагии мамлакат ҷой дошт, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи Раиси Шӯрои олии кишварро ба дӯш гирифт, ки ин ҷасорати беназири ӯро бозгӯ карда буд.
Сари мизи музокира нишастан бо мухолифон ва корро аз баргардонидани гурезаҳо оғоз намудан нишонаи хирадмандӣ, баъд аз чанд даври гуфтушунидҳо даст ёфтан ба ваҳдати миллӣ шаҳодати давлатсолорӣ, пешниҳодҳои дорои аҳамияти миқёси байналмилалӣ аз минбарҳои бонуфузтарини ҷаҳон гувоҳи ташаббускорӣ, мулоқотҳои пайваста ва расидагӣ ба ҳоли ниёзмандон хислати раъиятпарварӣ, бурдборона дар муддати зиёд дар маснади роҳбарӣ будан далели матонат ва суботи фазои сиёсии кишвар дар шароити пурмоҷарои ҷаҳони муосир исботи таҳаммулгаро ва ояндабин будани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳаминҳоянд нишонаҳои шахсияте, ки ҳуқуқи Пешвои миллат буданро доранд.
Аз ҳамин лиҳоз, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» арҷ гузоштан ба раъю иродаи миллат аст. Ба таври дигар гӯем, ин руйдоди фараҳбахш барои мардуми Тоҷикистон иқдоми таърихиест, ки ба навиду нусратҳои нав оғоз мебахшад. Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ мекунем. Аз нигоҳи мо Ҷаноби Олӣ меъмори давлатдории тоҷикон ва пешвои этирофшудаи умумимиллӣ мебошанд. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як ҷойгоҳ, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидааст.
Меҳрубон НАЗАРОВ,
декани факултети филология
Возможно, это изображение (7 человек, люди стоят и текст)