Замоне, ки иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-ноябр то 2-декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуҷа Урунхуҷаеви шаҳри Хуҷанд баргузор мешуд, бисёр вазнин ва ҳассос буд.

Дар он рӯзҳо ашхоси ҷудоихоҳу ҷоҳталаб бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ мардумро ба майдонҳо кашида, миёни онҳо шӯру қиём барпо менамуданд. Гурӯҳҳои ҷиноятпешаву афроди мусаллаҳи ҷинояткор ба қатлу куштор ва дуздиву ғоратгарӣ даст зада, одамони бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум ва молу-мулки эшонро аз худ менамуданд. Сокинони гӯшаю канори кишвар ба гумроҳӣ афтида, ҷавононро ба гурӯҳҳои мухталифи муқобили давлат, ба ҳар роҳу восита гумроҳ сохта, бар зидди ҳамватану ҳаммиллату хонаводаи худ мешӯрониданд.
Дар он давра касе дар бораи мусолиҳа фикр ҳам намекард, манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ болотар аз манфиатҳои миллӣ меистоданд. Қисми зиёди шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон дар зери таъсири идеологияҳои гуногун ба як саргумӣ афтода буданд. Инсонҳоро ақлу хирад, меҳру шавқат гуё тарк карда буд. Мардуми тоҷикро тарс аз барҳамхӯрии давлат ва парокандагии халқи тоҷик фаро гирифта буд. Шаҳрвандон аз ҳар гӯшае умед ба рӯзгори нек ва зиндагии осоишта мекарданд. Ҳукуматдорони замон тавонистанд ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда дар чунин вазъияти пурмоҷаро Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати 12-умро баргузор намоянд. Бешубҳа баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.
Дар Иҷлосияи фавқ ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати сардори давлат дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва Қонунҳои ҶТ вогузор гардид. Хулоса, давлати навтаъсисе, ки ба миён омад, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон ибтидо бахшид. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Воқеан, донаи умед ба шарофату файзи борони оштии миллӣ дар дили ҳар як сокини кишвар сабзид.
Имрӯз ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешиву бунёдкорӣ хидоят намуд. Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад барои мо як навъ аз худкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистони азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад.
ОЗОДАИ Р.,
«Фурӯғ»
Возможно, это изображение (1 человек, на открытом воздухе и памятник)