(Эҳдо ба Пешвои миллат)

Омӯхтам зи мактаби ту дарси ҳолро,
Ирфони як буридаи нони ҳалолро.
Дарёфтам зи таҷрубаҳое, ки доштам,
Дар шахси ту барои бузургон мисолро.
Андар сукути хонаи ту пар кушода буд,
Он накҳате, ки хос бувад Зулҷалолро.
Дар орзуи қатраи оби висоли дӯст,
Ҷони ту буд, ки дошт таби як сафолро.
Меъроҷи туст рашки малак, чун надоштӣ,
Ҳамчун фаришта бар тани худ ранҷи болро.
Озар САЛИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон,
омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷик
Возможно, это изображение (1 человек)