Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони арҷманд ва шогирдони азиз!
Худованд дар ҳама давраҳои таърихӣ нобиға ва пешвоёни донишмандеро ба миллатҳои гуногун арзонӣ доштааст, ки ҷаҳониён аз ақидаҳои саршор, аз хулқу рафтори накӯ, дониши васеъ, кордониву зимоми давлатдории онҳо огоҳ гарданд. Ин ҳадяро Худованд ба миллати тоҷик аз қадим арзонӣ дошта, шахсиятҳои бузурги оламшумул аз қабили Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ал-Хоразмӣ, Ал-Бухорӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит ва садҳо нафари дигар аз модари тоҷик ба дунё омадаву бо шарофати ахлоқ, адаб, дониш, худшиносиву худогоҳӣ мавриди эҳтироми ҷаҳониён қарор гирифтаанд.
Ин абармардон поягузорони таҳкурсии таъриху тамаддун миллати куҳанбунёди тоҷик мебошанд, ки амсоли занҷири пайваста дар тӯли ҳазорсолаҳо ин миллати бостониро ба ҳамдигар пайванд сохтаанд Ҳамин занҷири пайваста дар вазъияти ҳассоси таърихӣ ба миллати тоҷик абармарди таърих, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пайрави ин насли куҳанбунёд ба арсаи сиёсат ворид сохт.
Баробари пайки Истиқлол Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид намуда, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор гардид, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин ва худшиносиву худогоҳӣ таҳким ёфта, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст.
Аз рӯзҳои аввали фаъолият Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст. Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд. Дар таърихи давлатҳо бисёранд сарвароне, ки баҳри рушди кишварашон аз худ осоре боқӣ намегузоранд. Мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлат фаромӯш намекунад.
Оё метавонем хизмату номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҷаббор Расулов ва дигаронро фаромӯш кунем? Ҳаргиз не! Аз ин лиҳоз, бо боварӣ метавон гуфт, ки хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон як умр боқӣ хоҳад монд, зеро Пешвои миллат дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузургу тақдирсоз намудааст.
Таъкидҳои падаронаи Сарвари давлатамон ҳар яки моро водор менамояд, ки тибқи дастурҳои Президенти кишвар амал намуда, бо меҳнати ҳалолу созанда, таҳсили аъло, интизоми намунавӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданиву маърифатӣ ва муҳофизати Ватани азиз саҳм гузорем.
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и костюм)