Имрӯз 16-уми ноябри соли 2021 дар толори Донишгоҳи далатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ташаббуси факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим, Шодмон Бақоев, декани факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғоз Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим иштирокдоронро ба мизи мудаввар хайрамақдам гуфта, оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд. Зимни суханронӣ гуфта шуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини мо, дар даврони Истиқлол, Иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахши миллат ба шумор меравад. Он кишвари моро аз парокандагӣ, аз вартаи ҳалокат вораҳонд ва муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи таърихӣ ҷавонмарди хирадманду ҷасур ва халқпарасту ватандӯст-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи сиёсат овард.
“Дар шахсияти ин марди диловар миллат сарвари шоистаи худро ёфт ва ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ворид гашт. Имрӯз мардуми саодатманд ва сарбаланди тоҷик бо ифтихор ва арҷгузорӣ ба корнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд” – афзӯд Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим.
Холназар Шамсуллозода, мудири кафедари фаъолияти гумрук дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот” баромад намуд. Гуфта шуд, ки баробари Истиқлол ба даст овардани Тоҷикистони азиз Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима диҳад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.
Баъдан дар идомаи мизи мудаввар Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ”, Баҳодур Имомализода, ҷонишини декан оид ба илм дар мавзӯи “Иҷлосияи 16-ум бунёди навини Тоҷикистони соҳибистиқлол” ва Эмомалӣ Набизода, раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди соҳибихтиёрӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ” аърӯзаҳои худро қироат намуданд.
Мизи мудавварро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Бақоев, декани факултетии гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъбаст карда, ба ҳамаи ҳозирин ва дар маҷмуъ, Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу салоҳ ва оромиву осудагиро орзу кард.
Шунидани суруди миллӣ анҷомбахши мизи мудаввар гардид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ