Баъди пушти сар намудани 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас мехоҳад, саҳифаҳои хотири худро варақгардон намуда, ба чӣ қимате ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳу дӯстиро ба ёд орад. Вале варақгардон намудани ин саҳифаҳо кори саҳлу осон нест ва бидуни тобу тавон кушодани ин авроқ имкон надорад, чунки ҳарфҳарфи ин суҳуф ашку хун аст, дарду алам ва андуҳу ғам аст. Истиқлолияте, ки халқи азияткашидаи тоҷик давоми ҳазор сол интизораш буд ва барои ба ин мақсад расидан давоми асрҳо мубориза мебурд, баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ дар назари аввал хеле осон насиби мо гардид.

Дар ҳақиқат, бидуни инқилоби хунин ва ҷангу хунрезиҳои нангин ба даст овардани истиқлолиятро касе интизор набуд ва мардум ин дастовардро ҳамчун туҳфаи қисмат қабул доштанд. Вале … Афсӯс ва ҳазорон афсӯс, ки мо ба қадри ин ганҷи бодовард нарасидем ва баъди ба даст овардани истиқлолият худ бо дасти худ ва бо ҳидояти як зумра хоинони ватанбезору душманони пайтинтизор ба вайрон кардани ҷумҳурии тозабунёди худ камар бастем. Шояд намедонистем, намехостем ва ҳозир низ аз иқрор кардани ин иштибоҳи худ шарм медорем, вале ҳақиқат офтобест, ки онро бо доман пӯшидан ва дар инкори он кӯшидан имкон надорад. Ин мо будем, ки теша ба решаи миллати куҳанбунёд ва давлати тозаэҷоди худ задан мехостем, ғофил аз он ки ниҳоли зиндагии мо низ болои ин решаҳо устувор аст ва бидуни онҳо маҳкуми заволу нестист.
Гӯё душман ба ботини мо раҳ ёфта буд ва узв-узви моро ба ҳам душман мекард. Мо яроқи дасти як зумра мансабталошону мазҳабфурӯшон, ба зоҳир ҷамъу дар асл паҳну парешон гашта будем. Ба касофати ҷанги шаҳрвандӣ садҳо ҳамватани мо ба шаҳодат расида, ҳазорони дигар ба мамолики дуру наздик фирорӣ шуданд, садҳо биноҳои обод ба хок яксон шуда, аксари корхонаҳои бузурги саноатӣ аз кор монданд. Бисёр шахсиятҳои манфиатҷӯ ва пасту фурӯмоя аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ба таллаву тороҷ кардани боигарии халқу давлат-захираҳои бузурги техникиву истеҳсолии корхонаҳо ва колхозу совхозҳо даст заданд.
Ба Тоҷикистон ва мардуми он қаҳтиву гуруснагӣ ва нооромии ҳамешагӣ таҳдид менамуд. Дар урфият мегӯянд, ки дар ҳолатҳои яъсу ноумедӣ ва дилмондагиву нобоварӣ ба ояндаи нек Худованд ҳамеша як пайраҳаи умед барои бандагони худ кушода медорад. Ва хуш ба ҳоли қавмсолори оқилу ҳушёре, ки куҷо будани ин пайраҳаро дарёбад ва қавми худро ба василаи он ба шоҳроҳи зиндагии хушбахтона ҳидоят намояд. Ана, дар ҳамин вазъият, ки мардум ба кӯи ноумедӣ афтода, аз зиндагии орому осуда ва сериву пурӣ дасту дил шуста буд, бо душвории зиёд моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Яке аз масъалаҳои асосии ин ҷаласа интихоб намудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар ҳамин маҷлис сиёсатмадори дурандеш ва нотарсу матинирода – Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Хизматҳои ин абармард дар устувории пояи давлати тоҷикон ниҳоят бузург аст.
Ин ҷаласа дар ҳақиқат ҳамон пайроҳаи умеде гардид, ки Худованд барои мардуми Тоҷикистон кушода буд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳодии худододае буд, ки халқи тоҷикро ба василаи ҳамин пайраҳа аз биёбони яъсу ноумедӣ ба олами нопайдоканори орзуву омол ва ҳаёти моломоли шодиву хурсандӣ ҳидоят намуд. Ӯ бо хулқу атвори наҷибона ва симои соф тоҷиконааш тавонист, ки ба дили аксари аҳолии Тоҷикистон роҳ ёфта, онҳоро ба якдигарфаҳмиву худшиносӣ, ваҳдату ягонагӣ ва баробариву бародарӣ даъват намояд. Ҳамин ҳолатро Шоири халқии Тоҷикистон марҳум Мирзо Файзалӣ хеле муассиру дилпазир тасвир намудааст:
Вақте ки Тоҷикистон дар хоку хун ниҳон буд,
Фармонравои мутлақ дорандаи камон буд,
Пиру ҷавони кишвар ларзон зи бими ҷон буд,
Сарсону хонавайрон аз дасти ҷоҳилон буд,
Ту омадӣ ба майдон, эй Пешвои миллат,
Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ мушкилкушои миллат.
Ҳеҷ кас аз худиву бегона ва нодону фарзона бовар надошт, ки мамлакати қариб фалаҷшуда ва таллаву тороҷгардида, давлати бо иғвои якчанд нобакор ва дарунсиёҳу кинадор ба гурӯҳҳои шимоливу ҷанубӣ, шарқиву ғарбӣ ва сурху сафед ҷудошуда ба ин зудӣ ба худ омада, аз сари нав ба по мехезад. Вале алорағми ин ҳама нотавонбинон ва дунҳимматон бо кӯшишҳои пай дар пайи Эмомалӣ Раҳмон байни гурӯҳҳои мухталиф якдигарфаҳмӣ ба амал омад ва дар Тоҷикистони азизи мо ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Баробари пойдор гардидани сулҳу амонӣ ва тинҷиву осудагӣ вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат низ рӯз то рӯз беҳтар шудан гирифт. Корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз нав ба кор даромада, шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ ба роҳ монда шуд, мардум бо дили пур ва хотири ҷамъ ба хотири ободии Ватан ва некуаҳволии худ камари ҳиммат баста, Тоҷикистонро аз нав ба мамлакати биҳиштосо ва ободу зебо мубаддал гардониданд.
Имрӯзҳо Тоҷикистон дар қатори давлатҳои рӯ ба инкишоф қарор дошта, ҳамасола хазинаи давлат ғанитар ва зиндагии мардум хуштару осудатар гардида истодааст ва умед аст, ки дар ояндаи наздики наздик ватани азизи мо ба яке аз давлатҳои мутараққии дунё табдил хоҳад ёфт. Ҳамаи ин муваффақиятҳое, ки гуфтем, ба баракати истиқлолият ва туфайли истиқрори сулҳу ваҳдат насиби мо гардидааст. 30 соли Истиқлолияти давлатӣ нишон дод, ки мо имкони мустақилона идора кардани давлати худ, якдилу ҳампаймон намудани миллати худ, ободу зебо намудани кишвари худ ва ба зиндагии шоиста расонидани пайвандони худро дорем.
Танҳо ба хотири ин мақсаду мароми наҷиб заҳмат кашидан, болотар аз манфиати худ манфиати халқу давлатро дидан ва чун тору пуди як матои комил бо ҳам танидан мебояд. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, тавре дидем, кори осон набуд, вале ҳифзу нигаҳдории ин дастовардҳои беназир боз ҳам душвортару сангинтар аст. Ҳама вақт дар баробари дӯстон мо душманону бадхоҳоне дорем, ки зиндагии осудаи моро халалдор намудан мехоҳанд ва барои расидан ба ин ҳадафи нопоки худ аз ҳеҷ кирдори разилона рӯ намегардонанд. Онҳое, ки дар иғвогарӣ ва вайронкорӣ беназиранд, ҳамеша лаҳзаи ғафлати моро мунтазиранд. Пас, моро мебояд ба ин нокасон фурсати ғафлатгир кардани худро надиҳем, якдилу якҷон нигоҳбони хонадони ободи худ – Тоҷикистони азиз бошем. Кӯшиш намоем, ки Истиқлолияти 30-солаи мо ҳазорсолаҳо умр бинад ва мардуми сарбаланди мо то абад аз шохи умеду орзу меваи мақсуди худро чинад.
Сафармад АҲМАДОВ,
дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик
Возможно, это изображение (текст «2 ичлосияи такдирсози XVI шурои олии чумхурии точикистон сахифаи заррини таърихи точикон ACT. эмомали paXMOH»)