Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Пешвои миллат ва Иҷлосияи тақдирсоз – оғози рушди сиёсати Тоҷикистон” доир гардид.
Дар ифтитоҳи мизи мудаввар Диловар Саидзода, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, вобаста ба муҳимияти ин рузи таърихӣ, ҷашн гирифтани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз ҷашн гирифтани “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст.
Ҳамчунин дар мизи мудаввар омӯзгорони кафедари сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатбек Қурбонов дар мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон: заҳматҳо, дастоварҳо ва муаррифии миллат” Самариддини Ҷамолиддин дар мавзӯи “Иҷлосияи 16-ум – таҳавуллот дар низоми сиёсии Тоҷикистон ва Моҳсафар Садикова, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ баромад намуданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ