Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим бо Ҷон Марк Поммершайм, сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Коллективи омӯзгорон, донишҷӯён ва масъулони донишгоҳ ҳамаи меҳмононро бо як самимияти хоса пешвоз гирифтанд.

Муовини ректор Хурсанд Ҳамдамзода Ҷон Марк Поммершайм ва меҳмононе, ки ӯро ҳамроҳӣ менамуданд бо дастовардҳои донишгоҳ шинос намуда, оид ба омӯзиши забони англисӣ сухан намуд. Дар ин замина, таъминоти кадрӣ (омӯзгори забони англисӣ) ва дастурҳои таълимию методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини ректор тазаккур дод, ки яке аз мақсадҳои таълими забони англисӣ ба донишҷӯёни донишгоҳ ин густариш додани робитаҳои олимони донишгоҳ бо марказҳои илмии Амрико мебошад.
Дар навбати худ Ҷон Марк Поммершайм, сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, мақсади ӯ шиносоӣ бо донишгоҳ ва маркази захиравии омӯзиши забони англисӣ маҳсуб меёбад. Ӯ ҳамчунин оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани кадрҳо, таъминоти модди техникии маркази таъсисгардида ва умуман ташкили мубодилаи илмии омӯзгорон ва донишҷӯён ибрози назар намуд.
Дар рафти суҳбат сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муовини ректор оид ба таълим Хурсанд Ҳамдамзода ҷиҳати дар сатҳи баланд қабул намудани онҳо ва пешниҳодоти густаришдиҳандаи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас, ба кушодани Маркази захиравии омӯзиши забони англисӣ, ки дар факултети забони англисӣ бунёд шудааст лентаи рамзиро буриданд. Баъди расман кушода шудани марказ дар утоқи корӣ суҳбати озоди омӯзгорони факултет бо сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар ҷамъбаст, аз ҷониби муовини ректор Хурсанд Ҳамдамзода ба сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи рамзие бо самимияту иродатмандии хоса супорида шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ