Дирӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар гурӯҳи 210- и ихтисоси география-демография бо роҳбарии омӯзгор Асомиддинзода Ҳусейн дарси намунавии тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат” гузаронида шуд.
Саравал дарсро роҳбари гурӯҳ Асомиддинзода Ҳусейн оғоз намуда меҳмононро хуш омадед гуфта дарсро оғоз бахшид. Дар дарс омӯзгорон аз дигар факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар дарси намунавии тарбиявӣ донишҷӯён дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, корнамоиҳо, асарҳои Пешвои миллат маълумоти муфассал доданд. Инчунин, дар дарс шеърҳо бахшида ба Пешвои миллат қироат карда шуд.