Имрӯз маҳфили навбатии “Гумрукчиёни ҷавон”-и факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он Шодмон Бакоев, декани факултет, Баходур Имомализода, муовини декан оид ба илм, Холназар Шамсуллозода, мудири кафедраи фаъолияти гумрук, Зулфиқор Давлатов, омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрук ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Суҳроб Нурматзода, донишҷӯи курси 4-и ихтисоси хадамоти гумрук дар мавзӯи “Кам кардани азназаргузаронии гумруки бо истифодаи системаи таваккал” ва Сунатулло Носиров дар мавзӯи “Кишвари истехсолкардаи мол” баромад намуданд.
Дар охир аз ҷониби декани факултет ва мудири кафедра ба аъзоёни маҳфил Ифтихорнома ва китоби “Иқтисодиёти фаъолияти гумрук” тақдим гардид.
Шарифчон Азимов,
роҳбари маҳфил