Соли 1991 давлати абарқудрати Шуравӣ дар дами парокандагӣ қарор дошту ҷумҳуриҳои таркиби он истиқлолияти давлатии худро эълон карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҳазор соли давлатдории сомониён 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмати бебаҳои давлатдорӣ мушарраф гардид.
Далелҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки пас аз парокандашавии давлатии Сомониён давлатдории тоҷикон рӯ ба таназзул ниҳода бошад ҳам, дар тамоми масири таърих дар сиёсату давлатдории мардумони ғайр мардуми тоҷик мақому манзалати хос дошт, яъне дар рагу пайвандҳои давлатҳои сиёсии қарнҳои миёна афкору назари таъсири амиқе дошт, зеро мардуми тоҷик бо фарҳангу забон ва афкори бунёдкоронаву илму маориф ва хирадсолорияш дар бунёди даҳҳо тамаддунҳои башарӣ нақши боризе гузошта буд [5].
Агар ба саҳифаҳои таърих нигарем дар ин ҳазорсола миллати тоҷик арзи ҳастӣ дошт, аммо давлат надошт. Танҳо бо заҳмату кўшишҳои олимону матафаккиронаш номи миллати тоҷикро нигаҳ дошт ва дар миқёси ҷаҳонӣ онро муаррифӣ менамуд. Сӣ соли охир, агар гўем барои миллати тоҷик давраи тиллоӣ гашт, муболиға ва хатое нахоҳад шуд.
Маориф рӯ ба таназзул ниҳода, дар муқобили ҷанги хонумонсӯз омӯзгору хонанда низ нотавон монд. Бунёди давлати миллӣ тақозо менамуд, ки тамоми сохтори маорифи кишвар дигар гардад, барномаю нақшаҳои таълимӣ, стандарту китобҳои дарсӣ дар асоси арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва миллӣ таҳия шаванд. Вале вазъи замон ба ин имкон намедод. Хонандаи тоҷик ҳамоно тибқи барномаю нақшаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии замони пешин ба табъ расида таълим мегирифт. Барои омӯзгор дастрасии маводи нави таълимӣ хеле душвор гардид. Дар баробари ин вазъи иҷтимоии омӯзгорон хеле коста шуд. Танҳо омӯзгорони асили замон бе маош ба фарзандони миллат дарс мегуфтанд, то ки насли наврас аз ҷаҳолату бесаводӣ раҳо ёбад [5].
30 сол дар назди таърихи башарият муддати дарозе нест, вале дар ин муддат бисёр корҳои азиму дидание анҷом дода шудааст, ки дар таърихи тамаддун бо хатти заррин дарҷ шуда, фаъолияти пурсамару корҳои анҷомдодаи шахсони пешоҳанг ва абармардони миллату тамаддунро абадӣ сабт намудааст.
Ҳарчанд солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик нокомию нохушиҳо овард ва бо талошу заҳмати зиёд, хирадмандии волою сиёсатмадории фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон тавонист аз раҳгумӣ, гурўснагӣ, аз кашмакашҳои сиёсӣ ва ҷанги бародаркушӣ ба зудӣ раҳо шавад. Агар гўем, ки ин буд сиёсатмадории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хато нахоҳад буд. Инро миллионҳо нафар шаҳодат медиҳанд ва тасдиқ мекунанд.
Заҳмату меҳнати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқрори сулҳ, гул-гул шукуфоии Тоҷикистони азиз, афзун намудани иқтидори иқтисодию сиёсии он бисёр бузург аст.
Дар ҳақиқат, имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар муассисаҳои таълимӣ бо шароитҳои замонавӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ин ҳама бунёдкориҳо дар соҳаи маориф бешак ба рушди таълиму тарбия, донишандӯзии наврасону ҷавонон, омӯхтани техникаву техналогияи муосир ва забонҳои хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад [3].
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни фархундаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ беш аз 1050 муассисаҳои томактабӣ бунёд гардида, қисми зиёди онҳо дар деҳоти мамлакат сохта шуданд. Дар чунин муассисаҳо ҳазорон навниҳолон – тифлакони дӯстрӯи мо ба таҳсил фаро гирифта мешаванд ва барои хониши онҳо заминаи боэътимод гузошта мешавад. Аз тарафи дигар, баланд бардоштани мақоми омӯзгорон, ки дар рушди неруи инсонӣ саҳми асосӣ доранд, аҳли маориф яке аз қувваи пешбаранда ва фаъоли ҷомеа аст ва рушди маориф дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат эҳсос мешавад.
Маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, зеро ба илму дониш асос ёфтааст. Илму дониш бошад, пайваста рушд меёбад, аз ин рӯ, бо иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат соҳаи маориф пайваста дар инкишоф аст. Дар зарфи беш аз чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари мо барои рушди соҳаи маориф чораҳои зиёде андешида шуданд [4].
Имрӯз дар назди кормандони соҳаи маориф танҳо як вазифаи муҳиму масъулиятнок қарор дорад, яъне беҳтару сифатнок ба роҳ мондан, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот. Вақте ки сол ба сол тамоми шароити зарурӣ барои таълим муҳайё гардида истодааст, дар ин раванд бояд масъулияти кормандони соҳаи маориф боз ҳам баланд гардад [5].
Ҳамин тавр, дар 30 соли тантанаи Истиқлолияти давлатӣ ба сохтану бунёд кардани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ ҷиҳати фаро гирифтани тарбиягирандагон ва хонандагону донишҷӯён ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоссае аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир карда шудааст. Дар ин давра шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва олии касбӣ ба 41 адад расид [6].
Агар ба таври муқоиса таҳлил намоем, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар замони шуравӣ аз рӯйи 136 ихтисос мутахассис омода карда мешуд. Айни замон аз рӯйи зиёда аз 550 ихтисос вобаста ба талаботи рушди иқтисодиёти миллӣ мутахассис омода карда мешавад, ки ин нишондиҳанда 397 ихтисос зиёд мебошад.
Афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тули Истиқлоли давлатӣ дар ҳолати рушд қарор дорад. Агар дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 69300 нафар донишҷӯ фаъолият мекарда бошад, пас дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 244 652 нафар донишҷӯ фаъолият менамояд, ки аз он 17 донишгоҳ, 14 донишкада, 1 академия, 3 филиали муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, филиали Донишгоҳи технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, Консерваторияи миллӣ ва 4 муассисаи таълимии мақомоти қудратӣ мебошад.
Дар зер мо дар бораи фаъолияти як донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ маълумот медиҳем.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар вилояти Хатлон яке аз калонтарин муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат маҳсуб меёбад, ки зодаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баробари кишвари азизамон дилпурона ба пеш қадам мезанад ва дар ҳоли рушд қарор дорад [2, с.10-12].
Муассиса соли 1978 ҳамчун шуъбаи қӯрғонтеппагии Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таъсис ёфта, тибқи қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба Донишкадаи омӯзгории Қӯрғонтеппа табдил ёфт. Пас аз як соли фаъолият дар асоси қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 донишкадаи мазкур ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа иваз гардид ва баъди баҳсу баррасиҳои тӯлонӣ бо қарори шӯрои олимони муассиса Донишгоҳи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа номи яке аз чеҳраҳои адабию фарҳангии зодаи Вахшонзамин, ҳаким, адиб ва файласуфи машҳур Носири Хусрави Қубодиёниро гирифт. Ба сабаби иваз шудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба шаҳри Бохтар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 донишгоҳ Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” номида шуд.
Донишгоҳ дар фаъолияти даврони шӯравӣ ва солҳои соҳибистиқлолӣ садҳо мутахассисони соҳаҳои гуногунро тайёр намуда, ба бозори меҳнат фиристодааст, ки онҳо дар рушду нумӯи хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо гузошта истодаанд.
Агар дар соли аввали ифтитоҳ донишгоҳ танҳо дорои 4 факултет- физика, математика, забон ва адабиёти рус ва таҳсилоти ибтидоӣ бошад, имрӯз бо гузашти вақт донишгоҳ ба як маркази муҳташами илму фарҳанг мубаддал гашта, теъдоди факултетҳои он ба 13 ва ихтисосҳояш ба 65 адад расидааст. Донишгоҳ фаъолияти худро тибқи иҷозатнома ва шаҳодатномаи пешбурди таълим роҳандозӣ намуда, айни замон ҳадафи асосии он таъмини босифати таълиму тарбия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазири самтҳои омӯзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ ва техникию технологӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, тадриҷан воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот тавассути татбиқи пурраи низоми таҳсилоти кредитӣ, корбасти тарзу усулҳои фаъол ва пешқадами таълим мебошад. Раванди таълим дар донишгоҳ тибқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Ба сохтори донишгоҳ қисмҳои таркибии он – Коллеҷи омӯзгорӣ, гимназия ва маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Хуросон низ шомиланд, ки фаъолияти ин муассисаҳои зертобеъ дар асоси қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд [1, с.3-9].
Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф моро водор менамояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин раёсати донишгоҳ корро дар самтҳои таҳким бахшидани иқтидори илмӣ, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, истифодаи роҳу усулҳои фаъол дар таълими дарсҳо, технология ва техникаи замонавӣ дар раванди таҳсилот, тайёр намудани мутахассисони баландихтисосу ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассиса, ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ равнақи тоза бахшид.
Дар шароити феълӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, шурӯъ аз гимназия бо додани маълумоти миёнаи умумӣ, маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Хуросон бо пешниҳоди маълумоти ибтидоии касбӣ, коллеҷи омӯзгорӣ бо додани маълумоти миёнаи касбӣ, донишгоҳ бо додани маълумотҳои олии касбии бакалавр, магистр ва доктор PhD наздики 20 ҳазор нафар муҳассилин фаро гирифта шудаанд. Дар айни ҳол 610 нафар донишҷӯёни аз тариқи квотаи президентӣ дохилшуда муҳассили донишгоҳанд. Дар таълимгоҳ 230 нафар донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо таҳсил менамоянд, ки ин ҳама сиёсати оқилонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад.
Тайи ин муддат масоҳати донишгоҳ тавсеа ёфта, алҳол муассиса дорои 10 бинои таълимӣ, 372 адад кошонаҳои корию таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, кошонаҳои лингофонӣ, 2 толори варзишӣ, ҳамчунин 2 майдонча ва 1 маҷмааи варзишӣ бо шумули майдони варзишии ҳозиразамон дар минтақаи Дӯстии халқҳо бо масоҳати 7200 метри квадратӣ бо 4000 ҷойи нишаст мебошад [1, с.3-9].
Донишгоҳ алҳол дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ мебошад. Дар донишгоҳ парки технологӣ, маркази озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим фаъолият доранд. Донишгоҳ бо зиёда аз 40 муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд ва донишҷӯён дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои байналмилалӣ имконияти васеи таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо, Русия ва Осиёро доранд.
Дар айни ҳол дар донишгоҳ 661 нафар устодони доимӣ, аз ҷумла 21 нафар докторони илм, профессорон, 131 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 314 нафар саромӯзгорон, омӯзгорон ва ассистентон дар 46 кафедраи донишгоҳ муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул мебошанд. Корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 40 равия сурат гирифта, зиёда аз 60 мавзуъро дар бар мегиранд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ ба шумор рафта, айни ҳол дар назди донишгоҳ ду шӯрои диссертатсионӣ бо фармоиши КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки яке барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи се ихтисоси 13.00.02.-Назария ва методикаи омӯзишу парвариш – методикаи таълими математика, методикаи таълими физика, методикаи таълими информатика ва дигаре аз рӯйи ихтисоси 07.00.10 – таърихи илм ва техника мебошанд.
Ҳар сол бештар аз 150 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисоси Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифро мегузаранд.
Дар донишгоҳ таҳқиқоти илмӣ дар асоси лоиҳаҳои мавзӯъҳои фармоишӣ амал мекунад, ки иҷрокунандагони онҳо масъалаҳои умдаи соҳаҳои гуногуни илмро мавриди пажӯҳиш қарор медиҳанд. Айни ҳол дар назди кафедраҳои донишгоҳ беш аз 50 маҳфил амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1300 нафар донишҷӯён аъзоянд. Ин аст, ки иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои гуногун, аз ҷумла «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» хеле фаъолона мебошад.
Соли 2012 нахустин бор аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратура иҷозат дода шуд. Ин имкон дод, донишҷӯёне, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм кардаанд, таҳсили худро дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ идома дода, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шаванд. Айни ҳол 566 нафар магистр дар донишгоҳ машғули таҳсиланд ва имрӯз хониш дар магистратура ба ҳукми зинаи устувори таҳсилот табдил ёфтааст [1, с.3-9].
Солҳои охир дар донишгоҳ теъдоди нишастҳои илмӣ хеле зиёд гардида, сифати ташкили ин ҳамоишҳо низ хуб шудааст. Ҳар сол дар донишгоҳ 6-7 ҳамоиши илмии сатҳҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ барпо мегарданд, ки дар он устодону шогирдон фаъолона ширкат меварзанд.
Имрӯзҳо бо шарофати сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар баробари бо марказҳои илмӣ ва муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ алоқаю ҳамкорӣ доштан, инчунин бо марказҳои илмӣ ва муассисаҳои олии касбии кишварҳои хориҷии Федератсияи Русия, ИМА, Олмон, Ҳиндустон, Эрон ва дигар мамолики дуру наздик робитаи илмӣ барқарор намудааст, ки ин робитаву ҳамкориҳои илмӣ ба унвонҷӯёну донишҷӯён ҷиҳати идомаи таҳсил дар хориҷи кишвар ва бобати омода гардидани мутахассисони ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 5 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар барандаи Ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ, 1 нафар барандаи ҷоизаи адабии ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, 76 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 нафар Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 11 нафар аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 2 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият дошта, 31 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин дар партави сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат моҳи июли соли 2017 санги асоси бинои нави замонавии донишгоҳ бо маблағи бештар аз 90 миллион сомонӣ барои зиёда аз 6000 ҷойи нишаст аз тарафи Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода гузошта шуд, ки имрӯзҳо сохтмони он идома дорад [1, с.3-9].
Дар донишгоҳ ду нашрия- рӯзномаи «Фурӯғ» (бо теъдоди зиёда аз 10 ҳазор нусха) ва маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» аз рӯйи се силсила (ҳар кадоме бо теъдоди 500 нусха) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба табъ мерасанд, ки дар баланд гардидани маърифатнокии устодону донишҷӯён нақши намоён гузошта, дар таҳкиму тарғиби забони давлатӣ низ саҳми босазо доранд [1, с.3-9].
Бо мақсади баланд бардоштани маънавиёт ва маърифатнокии донишҷӯён донишгоҳ корҳои тарбиявиро бештару беҳтар роҳандозӣ намудааст. Ширкати фаъолонаи донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштироки назарраси донишҷӯён дар баргузории ҷашну чорабиниҳои шаҳриву вилоятӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Масъалаи тарбияи завқи зебоипарастии донишҷӯён, тарзи либоспӯшӣ, муомилаву муносибати онҳо, махсусан тарбияи идеявӣ-сиёсӣ, ватандӯстӣ, ахлоқӣ, ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносии донишҷӯён дар маркази диққати садорат ва деканатҳои факултетҳо қарор доранд.
Яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳими донишгоҳ ин интизоми меҳнат ва риояи реҷаи корӣ дар донишгоҳ мебошад, ки назорати он аз тарафи садорат ва иттифоқи касаба муттасил сурат мегирад. Бо ин мақсад созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолияти худро барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён равона кардаанд.
Дар пайравӣ аз сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат раёсати донишгоҳ дар панҷ соли охир маоши кормандонро ба маротиб вобаста ба унвон ва дараҷаи илмӣ аз суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошт.
Донишгоҳ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва шароити таҳсили донишҷӯёни мавриди таваҷҷуҳи хос ва дорои имкониятҳои маҳдуд аҳамияти вижа дода, мунтазам онҳо аз кӯмакпулиҳои донишгоҳ бархурдоранд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба сафари расмӣ намудаанд. Сафари якумашон ба донишгоҳ 20 июли соли 2001 иттифоқ афтода буд. Бо шарофати ташрифи Пешвои миллат панҷ нафар устодони дараҷаи илмдори донишгоҳ соҳиби ҳуҷраи истиқоматӣ шуданд, барои таъмири хобгоҳи донишҷӯён ва бинои асосии донишгоҳ бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 130 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.
Сафари дуюми Пешвои миллат, ки 23-юми марти соли 2019 сурат гирифт, ба раванди ободкорию созандагиҳо дар донишгоҳ марбут аст. Иқдом барои васеъ намудани масоҳати таълимӣ дар донишгоҳ соли 2015 аз бунёди парки автомобилӣ, ки дар қабати дуюми он синфхонаҳои таълимӣ барои факултети техникӣ ва технологӣ ҷойгир шуда буд, оғоз ёфт. Ҳамчунин бинои асосии донишгоҳ ва кохи фарҳангӣ куллан таҷдид шуда, қисмати пеши ҳудудҳои донишгоҳ панҷарабандӣ ва тарафҳои боқимондааш девор бардошта шуданд.
Бо мақсади такмили инфрасохтори мавҷуда ва баланд бардоштани сифати таълим танҳо дар се соли охир дар донишгоҳ се бинои нави таълимӣ барои 3000 ҷойи нишаст дар як баст, як маҷмааи варзишии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти замонавии тамрин сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамин раванди навсозию ободкориҳо дар донишгоҳ буд, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳуриро ҷалб намуд ва дар рӯзҳои баргузории иди байналмилалии Наврӯз Сарвари давлат ҳангоми сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба донишгоҳ ташриф оварда, бо қудуми муборакашон онро нурборон намуданд ва бевосита дар маросими ба истифода додани бинои таълимии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ иштирок карда, парда аз рӯйи лавҳасанги хотиравӣ бардоштанд.
Ҳамчунин дар маросими кушодашавии маҷмааи варзишии донишгоҳ суханронӣ намуда, аз фаъолияти созандагиву ободкориҳо дар донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ карданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар баромадашон таъкид намуданд, ки “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамчун яке аз марказҳои асосии тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва рушди фарҳангу адаби кишвар дар тӯли фаъолияти беш аз чилсолаи худ дар қатори дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар тарбияи омӯзгорон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат нақши сазовор гузоштааст”. Ин баҳои баланди Роҳбари давлат ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмии кормандони донишгоҳ таъсири амиқу хотирмон бахшида, ҳамагонро барои иҷрои корҳои наҷиб дар самтҳои таълиму тарбия ва илм рӯҳбаланд намуд.
Адабиёт:
1. Комилӣ А.Ш., Муродиён Ҳ.Ғ., Худоёрзода Р.С. Донишномаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. – Душанбе, 2021. – 520 с. (С.3-9.)
2. Муродиён Ҳ., Наимӣ Қ. ДДБ ба номи Носири Хусрав – зодаи Истиқлолият. – Душанбе, 2016. – 457 с.
3. Нозимова С. Маориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ // Ҷумҳурият. – 2019. – 14 янв.
4. Одиназода Р.С. Маориф. Ислоҳот ва пешрафт // Ҷумҳурият. – 2019. – 2 янв.
5. Одиназода Р.С. Маориф – асоси қудрати миллӣ // Ҷумҳурият. – 2021. – 8 февр.
6. Саломов М. Пешвои миллат ва рушди маорифу илм // Ҷумҳурият. – 2021. – 13 окт.
Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (на открытом воздухе)