Дар асоси нақша чорабиниҳо Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ ва филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ баргӯзор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Пайрав Раҳимзода, декани факултети молиявию иқтисодӣ, суханронӣ намуна, мақсади вохӯриро ба донишҷӯён шарҳ дод.
Ҳусензода Фаридун, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, вобаста ба даҳ самти афзалиятноки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, оид ба иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, пешгирӣ аз даст задани ҷавонон ба худкушию худсӯзӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, корҳои ҷамъиятӣ, аз бар намудани илмҳои муосир ва дастовардҳои ҷавонон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баромад намуд.
Инчунин, баромадкунандагон оид ба дастовардҳои ҷавонон, пешравиҳои соҳаи илму маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ва пешравиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30- соли соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуданд.
Набизода Эмомалӣ,
раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ