«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчам таърихи беш аз 3-3,5 – ҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд.
Дар деворнигораҳои шаҳри Панҷакенти бостонӣ, ки ба асри VII мансубанд, тасвири парчами суғдиёнро метавон мушоҳида кард. Деворнигорае чунин манзара дорад: Рустам баъди мағлуб кардани аждаҳои одамсар бо ёронаш ҷонибе равона аст ва дар сари найзаи ду нафар аз онҳо парчамҳои зардранги сегушагуна дида мешавад.
«Парчам» вожаи суғдӣ буда, дар гузашта маънои зулфу кокул ва пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови куҳиро, ки ба нӯги дирафш ё найза мебастанд, ифода менамуд. Вожаи мазкур бо мурури замон аз забони суғдӣ ба забони туркӣ ва пасон ба забони форсӣ гузашта, ҳамчун «дирафш» шуҳратёр шуд. Бори аввал вожаи «дирафш» дар замони давлатдории ориёиҳо дар қадимтарин осори адабиёти тоҷику форс, китоби муқаддаси зардуштия- ойини халқҳои эронинажоди қадим «Авесто» зикр шудааст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар амалиёти ҳарбии байни юнониҳову форсҳо (асри V то милод) парчам ҳамчун рамзи иттиҳоду давлатдорӣ зикр шудааст.
Мафҳуми «Дирафши ковиёнӣ» ҳамчун рамзи парчам ва тимсоли давлатдории ниёгонамон бо номи «Ахтари Ковиёнӣ» низ ёдовар мешавад. Парчам ифодагари иттиҳоду муттаҳидии халқу миллатҳо, дар тули ин солҳо халқу миллатҳоро ба ҳам қарину дӯст ва ҳамдилу ҳамроз кардааст.
Дар китоби муқаддаси «Авасто» дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он маълумотҳо оварда шудаанд. «Парчам» ва «дирафш» вожаҳои асилу қадимаи тоҷикӣ, «байрақ» вожаи туркӣ, «ливо» ва «алам» вожаҳои арабӣ ҳастанд.
Дирафши коваёнӣ яке аз ривоятҳои машҳури тоҷик ва тамоми қавмҳои ориённажод аст, ки дар “Шоҳнома” – и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ ба шакли достони назмӣ дароварда шудааст. Дирафши коваёнӣ парчами тамоми шоҳони ривоятӣ ва парчами давлатии Эрон дар аҳди Кушониён ва Сосониён буд. Он бо дасти арабҳои истилогар нобуд карда шуд.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Парчам дар масири таърих ва давлатдории тоҷикон дорои маъно ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ мебошад. Муқаддас донистани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар давру замон онро барои ҳаёти осоишта ва пирӯзии адолат баланд мебардорад. Парчам ҳанӯз давраи қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва ифодагари нангу номуси ватандорӣ эътироф шудааст.
Лоиқ ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Вобаста ба ҳукмронии сулолаҳо аз замони қадим то имрӯз метавонем парчамдории тоҷиконро чунин шарҳ диҳем:
-Дирафши ковиёнӣ
-Штандарти империяи Ҳахоманишӣ
-Дирафши давлати Ашкониён
-Дирафши давлати Сосониён
-Дирафши давлати Сомониён
-Дирафши сулолаи Ғӯриён
-Парчами Аморати Бухоро
Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро
-Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
-Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
-Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳанӯз дар китоби “Авесто” аз номи Аҳуромаздо чунин омадааст, ки: “Чаҳорумин кишвари неке, ки ман- Аҳуромаздо офаридам Баҳдии зебои афроштадирафш буд.”
Дравши давраи сосониён чор ранг дошт; сурх, сафед, сабз ва зард. Ҳар як ранг рамзи Хешро дошт. Паҳлавонони номӣ ба монанди Рустам, Гударз, Тус, Гев, Сиёвуш ва ғайраҳо дравши хешро доштанд.
Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён таъсис додаанд, балки яке аз давлатҳое мебошанд, ки соҳибпарчам буданд.
Доир ба суннати парчамдории давлатҳои абарқудрати гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “ Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад”.
Хушбахтона аз рӯи расм ва минётураҳои бостонӣ баъзе шаклу сохти парчамҳо барқарор гардидаанд,ки дар ҳақиқат як ҷузъи ойини давлатдории тоҷикон ва шоҳиди равшани арҷ гузоштани аҷдоди мо ба ҳамаи парчамҳои гузаштагони худ мебошад.
Тоҷикон дар тӯли асрҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале дар хусуси парчамҳои давлати Сомонӣ ва давлатдориҳои сонӣ маълумоти дақиқ нест.
Таърихи парчамдории тоҷикон хеле рангин аст. «Дирафши Ковиёнӣ» ва ё «Ахтари Ковиёнӣ» агар ҳамчун нахустин рамзу тимсоли давлатдории ниёгонамон дар давоми ин ҳазорсолаҳо дар шаклҳои гуногун рамзофарӣ карда бошад, пас дар давоми танҳо сад соли охир (аз соли 1920 ин ҷониб) гузаштагонамон бо сабабҳои маълуми сиёсию таърихӣ давлатдорию иттиҳоди худро зери парафшонии 11 парчами бо тарҳу шаклҳои гуногун, вале рамзу асолати миллию давлатдоридошта, таҷассум намудаанд.
Парчами Аморати Бухороро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти заррин иборат буд ва дар канори чапи он рӯйи хатти сабз ҷумлаи «Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин» ҳаккокӣ шуда буд.
Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ парчами худро доштанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳар як дивизия, полк ё рота, ҳатто шуъба парчами худро дошт ва дар муҳорибаҳо ҳатман парчамбардоре онро чун гавҳараки чашм ва номуси кишвар – Ватан нигоҳдорӣ мекард. Афрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ дар боми Рейхстаг рамзи ғалабаи халқи шӯравиро бар фашизм баръало муайян кард. Ҳарчанд дар гӯшаю канори шаҳри Берлин задухӯрдҳо идома мекарданд, аммо барафрохтани парчами Иттиҳоди Шӯравӣ нишони анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Таърих вобаста бо парчам мисолҳои зиёд дорад.
Моҳи феврали соли 1974 Президиуми Шурои Олии ИҶШС қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатии ба парчами ИҶШС шабеҳи худро қабул кунанд.
Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии мамлакат комисияи корӣ таъсис ёфта, оид ба қабули Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қарор қабул мегардад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.
Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.
Вобаста ба таҳияи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз тарафи Донишкадаи таърих, Донишкадаи астрофизика ва кумитаи Ҷумҳуриявӣ оид ба ислоҳоти забон лоиҳаҳои рамзҳои давлатии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда буданд. То санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда мешавад, ки роҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда мегирад. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён мегирад. Ба озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда буданд, ки ҳар кадоми онро комиссия мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.
Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст, ки «ҳангоми омода намудан ва тарҳрезии парчам мо аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ, аз қабили Л. Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».
Тавре дар хотираҳои рассом Зуҳур Ҳабибуллоев омадааст, «ин парчам дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода гардидааст. Онҳо аз соати 4-и бегоҳ то 3-и саҳар бо бофандагон ва ҳунармандони ин Комбинат нахустин парчамро омода намуданд ва 25 ноябр он ба толори Қасри арбоб ворид карда шуда, Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шӯрои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд мекунанд».
Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 гуфта буд, «ҳафт ситора- ин рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари ватанамон ба ҳисоб меравад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».
Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.
Моҳияти Парчами миллӣ дар Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ карда шудааст, дарҷ гардидааст.
29-сол боз ин ҷониб мардуми шарафманди кишвари маҳбубамон зери партавафшонию ҷилваи Парчами давлатӣ- яке аз муҳимтарин муқаддасоти миллию давлатӣ кору зиндагонӣ доранд. Дар ин муддат дар баробари он ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлати соҳибистиқлоли сайёраи замин бо баландии 165 метр ҳамчун яке аз парчамҳои баландтарин дар ҷаҳон эътироф гардида, бо ин шаҳомат ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шуда бошад, пас муҳимтар он аст, ки тайи ин солҳо дар бисёр аз самтҳои соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт рамзу муждаи дастоварду комёбӣ ва муваффақиятҳои зиёди шаҳрвандону кишвар эътироф гардид.
Дар Парчам иттиҳоду ҳамбастагӣ ва иттифоқу ҳамдилии халқи тоҷик таҷассум ёфтааст. Парчам ҳамчун ахтари тобону дурахшон, иродаи мустаҳкам ва омили фатҳу кӯшоиши ҳар соҳибватан гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон дар доираи мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва ҳамоишҳои гуногуни илмию таълимӣ ва фарҳангӣ ба шарофати дастоварду комёбиҳои беназири соҳибватанонамон ва қариб ҳар рӯз дар кишварамон дар самту соҳаҳои гуногун ба шарофати дастовардҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ Парчами миллӣ парафшон мегардад.
Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳуввияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб меёбад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст. Парафшонию ҷилваи Парчам нерӯи тавонои ҷаҳони маънавӣ, қуввати дилу дидаи ҳар як соҳибватан аст. Парафшонии Парчам таҷассуми ҳастии давлату миллат, пойдорию устувории он аст. Парчам ҳидоятгари сулҳу ваҳдат, оромию осоиштагӣ ва шукуфоиву сарсабзӣ аст.
Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фаҳангшинос
Возможно, это изображение (текст)