Имрӯз ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтай бо мақсади кушодани Маркази омӯзишии озоди забони русӣ дар доираи ҳамкориҳои муштарак ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омаданд.

Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим ҳайати меҳмононро ба донишгоҳ хушомадед намуда, оид ба афзалиятнокии таъсиси Маркази омӯзишии озоди забони русӣ изҳори назар намуд.
Дар ин радиф зимни машварат тариқи видеоӣ Лазаренко Ирине Рудольфовне, ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай баромад намуд.
Илҳом Камолзода, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм дар машварати корӣ тариқи онлайн пайваст гардида изҳори назар намуд.
Рамзии кушодашавии Маркази омӯзишии озоди забони русӣ, ки дар факултети забон ва адабиёти рус бунёд шудааст доир гардид.
Сипас, барои ҳамкориҳои дуҷониба миёни якдигар тӯҳфаи рамзие бо самимияту иродатмандии хоса супорида шуд.
Дар охир, аз ҷониби донишҷӯёни факултети забон ва адабиёти рус барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруд пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ