Имрӯз 23-юми ноябри соли 2021 бо ташаббуси факултети таърих ва ҳуқуқи ДДБ ба номи Носири Хурсав дар толори Кохи фарҳангии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии умумидонишгоҳӣ таҳти баргузор гардид, ки дар он Раёсат, деканҳои факултаҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар саҳн дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни факулети таърих ва ҳуқуқ ба намоиш гузошта шуда, иштирокчиёни чорабинӣ аз он дидан карданд.
Чорабиниро бо сухани табрикотии Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки ҷашни Парчам аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд.
“Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон ба мерос монда, насли даврони Истиқлолиятро мебояд, ки онро ҳамчун муқаддасоти миллӣ қадр намоянд ва ба он арҷ гузоранд”- афзуд Хурсанд Ҳамдамзода.
Баъдан тибқи барнома Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ дар мавзӯи «Парчам рамзи давлатдорию худогоҳист» бо маърӯза баромад намуда, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ муаррифгари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчам низ баланд афрохта мешавад. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни Парчами садҳо давлати дунё Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар Аврупо ҷилванамоӣ менамояд. Барафрохтани Парчами миллӣ дар дохил ва ё дар пештоқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, парафшонии он рамзи иқболу саодат ва комёбиҳои миллату давлати мост.
Дар баромади озод донишҷӯён аз кишвари ободу осуда ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат шукргузорӣ намуданд.
Сипас, ба донишҷӯёне, ки дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд муаррифӣ гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабиниро донишҷӯён бо қироати шеър дар васфи Парчами давалатӣ идома бахшид.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ
и ещё 9
74
Комментарии: 17
Нравится

Комментировать