Мояи ифтихор ва сарфарозии зиёд аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолу озод бо ҷаҳду талошҳои хастанопазири яке аз фарзандони Ватандӯсту қавиирода, ободгару сулҳҷӯ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, дастовардҳои меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо назаррас арзёбӣ мешаванд.

Зикр бояд намуд, ки аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду густариши эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон тадбирҳои муҳим андешида, дар ин самт ба қабули рамз ва муқаддасоти давлатдорӣ, аз қабили нишон, суруди миллӣ, Конститутсия ва Парчами миллӣ замина фароҳам сохт.
Аз ин миён, яке аз рамзҳои давлатдорӣ, таҷассумгари истиқлолияту ваҳдати сартосарӣ, қудрату бақои давлату миллат, орзуву мақсадҳои Олии мардуми тоҷик, Парчами миллӣ ба ҳисоб меравад. 12-уми ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рамзҳои давлатдорӣ, озмуни қабули тарҳи нави Парчамро ба ба ҷомеа пешниҳод намуд. Дар натиҷа аз тарафи сокинон беш аз 100 тарҳи Парчам ба аъзои коммисияи босалоҳияти давлатӣ пешниҳод гардид. Аз ин миён парчами Маҳмадулло Сайдалиев, ки ифодагари фарҳанги пурғановат, марому мақсад, ҷоннисориву ватандӯстӣ ва сарсабзиву хуррамии мардуми чоҷик эътироф шуда, бо ҳамин шакли имрӯза қабул шуд.
«Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад: рахи сафеди мобайни якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷои чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст». Парчамдории халқи тоҷик таърихи хеле қадима дорад.
Дар шароити бархӯрди фарҳангу таамаддунҳо халқи тоҷикро лозим аст, ки барои нигоҳ доштани забону таърих, ҳувияти миллӣ, урфу одат, анъанаҳои ниёгон ва дар ин замина рушд бахшидани эҳсоси ватандӯстии сокинон тасмимҳои созанда рӯи кор гирифта, ба таҳқиқи ин мавзӯи рӯз бештар машғул гарданд.
Муҳаққиқ ва донишманд Талбак Хӯҷаназаров дар китоби худ «Рукнҳои асосии давлатдории тоҷикон» ба маврид навиштаанд: «Бо назардошти таърихи парчамдории халқи тоҷик баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами давлатиро ҳамчун рамзи давлатдорӣ муқаррар намуд».
Парчами нангу номи мо, Пораи ҷисму ҷони мо.
Нуру зиёи чашму дил, Парчами Коваёнӣ мо.
Бол кушо, бол кушо, бол кушо, Ранги ба ранг,
Сабзу сафеду лоларанг, Тоҷу ситораҳот қашанг.
Тоҷи сар астӣ, эй Ватан, Ҷонӣ ман астӣ, эй Ватан.
Хушбахтона, халқи тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби парчам буд, ки ин баёнгари қудратмандӣ мебошад. Коваи оҳангар пешдомани худро чун парчам намуда, бар зидди ноадолатиҳои замон, ҳимояи манфиатҳои халқ бархостааст, ки ин аз ҷасорату ватандӯстии ин миллати куҳантаърих гувоҳи медиҳад.
Дар ин парчам рамзи дӯстиву ваҳдат, қудратмандиву нерӯ ва сарсабзиву хуррамии мулк хеле моҳирона акс ёфта буд. Насли дирӯз, имрӯз ва ояндаро лозим аст, ки барои тарғиби васеи ин муқаддасоти миллӣ талош намоянд. Пешвои миллат дар ин маврид ба маврид гуфтааст, ки: «Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишони қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нерӯманди замона ба ҳисоб мерафт.
Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад». Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти арзишмандест, ки дар худ ҳадафҳои хосса дорад. Ҳар давлату миллат дорои рамз ва арзишҳои миллӣ мебошад. Ниёгони мо, барои парфишонии Парчами миллӣ бар зидди аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар бештар маврид пирӯз гаштаанд.
Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.
Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.
Боиси ёдоварӣ аст, ки ҳамасола ин санаи таърихӣ дар фазои орому осудаи кишвар ҷашн гирифта шуда, зери ин Парчам мардуми бузурги тоҷик мутаҳид мегарданд. Бигзор ин Парчами орзуву ормонҳо ва рамзи худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша парфишон бошад.
Шарипов Сангимурод,
мудири кафедраи рӯзноманигорӣ
Возможно, это изображение (9 человек и люди стоят)