Сухани табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар бо номи Носири Хусрав профессор Давлатзода С. Х. ба ифтихори Рўзи Парчами миллӣ
Устодони гиромиқадр, ҳамкасбони азиз!
Бақои ҳар халқу миллат ба давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, худшиносӣ, ҳифзу нигаҳдории арзишҳои миллии он дар даврони гуногуни таърихӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Яке аз рамзҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти ҳар миллат парчам мебошад, ки ифодагари озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллии он кишвар маҳсуб меёбад.
Парчам ҳанўз аз замонҳои хеле қадим рамзи шукўҳу ифтихор ва нангу номус будааст. Тавре аз саҳифаҳои таърих маълум аст, тоҷикон дар давраҳои қадим соҳиби рамзҳои худ, аз ҷумла парчам будаанд. Сарфи назар аз ҳаводиси пурпечутоби таърихӣ, бар асари тохтутозу ҳамлаҳои аҷнабиён ба минтақаи Мовароуннаҳру Хуросон, ки ба давлатдории тоҷикон бетаъсир намонд, мардуми тоҷик тавонист унсурҳои давлатдорӣ, фарҳанги куҳан ва расму оини худро нигоҳ дорад.
Баъди ҳазор соли бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва ба вуҷуд овардани аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт. Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сўи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрўз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем. Зеро он айём барои мо аввалин рўзҳои эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ, оғози марҳалаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон соҳиби парчами миллӣтаҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.
Дар баробари Парчами давлатӣ Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки он низ рамзи давлатдории миллии тоҷикон буда, дар чорабиниҳои расмӣ ва тантанавӣ бо иштирокии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афрохта мешавад. Дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дирафши Ковиён тасвир ёфтааст, ки нишони қудрат, шукуҳу шаҳомати давлатдории тоҷикон аз қадимулайём мебошад ва он дар даврони истиқлолият аз нав эҳё гардид. Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар даврони истиқлолият беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Имрўз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ҳар як гўшаю мавзеъ-биноҳои маъмурию хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои гуногун дидан мумкин аст.
Парчами давлатии Тоҷикистон имрўз дар тамоми гўшаи дунё, аз бинои СММ сар карда, дар тамоми сафоратхонаҳою намояндагиҳои кишварамон дар хориҷи кишвар партавафшон аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллиро, ки рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус мебошад, ёдрас намуда, таъкид доштанд, ки: «Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад». Дар ҳақиқат, Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандўстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ имрўз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Дар саросари кишвар ҷашн гирифта шудани Рўзи Парчами миллӣ иқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди ватандустӣ ва дарки масъулиятшиносиро тақозо менамояд. Насли ҷавони имрўзаро дар рўҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпараварӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд, зеро Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат ва муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта, нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошад. Аз ин рў, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Мо бояд, ватандўсту ватанпарвар бошем, аз Парчами миллии худ ифтихор намоем, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрўзу оянда талқин намоем.
Меҳру муҳаббати мо ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, бояд беш аз пеш афзун гардад, зеро Парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан нишони муқаддас мебошад. Ҳайати профессорону омўзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пайваста кушиш меварзанд, ки дар самти таълиму тарбияи мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат дар соҳаҳои омўзгорӣ, иқтисодиву соҳибкорӣ аз дараҷаи бакалавр то доктори илм, ворид шудан ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот, корбасти тарзу усулҳои пешқадами таълим саҳмгузор бошанд.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ҷашни пурифтихори Рўзи Парчами миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо бахту саодат ва тамоми шодкомиҳоро орзу менамоям.
Бигузор, Парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд!
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и костюм)