Талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.
Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.
Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кўҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.
Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.
Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Возможно, это изображение (текст)