Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти хатарзо ба ҷомеаи инсонӣ бо ғояҳои бебунёди худ таъсири манфӣ мерасонад. Ташкилотҳое, ки дар ҷаҳон бо фаъолияти террористиашон ном баровардаанд, ин ташкилотҳои «Ҳизбут таҳрир», «Бародарони мусулмон», «ДИИШ», собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳамин қабил созмонҳое мебошанд, ки мақсадашон ба ном таъсиси давлати исломист, аммо тавассути коштани тарсу ваҳм дар дили одамон, таҳдид, зӯроварӣ, асирию куштор ҳимояи манфиатҳои як тӯдаи ғаразнок ва ихтилофангез асту халос.
Боиси зикр аст, ки шумораи гаравидани одамон ба гурӯҳҳои террористӣ экстремистӣ сол то сол коҳиш меёбад, зеро ҳама чӣ будани асли терроризмро фаҳмидаанд.
Дар Тоҷикистон ҳам оилаҳое ҳастанд, ки фарзандонашон дар гирдоби терроризм печида, ҷавонмарг шудаанд. Лекин ин қурбонӣ баҳри куштани дигарон, сӯхтани ҷойҳои обод, фоҷиаи садҳо одамони бегуноҳ бешарафона аст. Чи тавре ки дар силсилафмлми «Хиёнат» садо медиҳад! «Ҳамаи гуноҳҳо бахшида мешаванд, аммо хиёнат не!».
Мардуми тоҷик дӯстро аз душман ҷудо кардааст ва ба қадри сулҳу ваҳдат мерасад. Тарғибу ташвиқоте, ки тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ нисбати давлату мансабдорони Тоҷикистони мо бадгӯӣ мекунанд, асос надоранд. Ҳаёти хушбахтонаи имрӯза, созандагию бунёдкорие, ки дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст омадааст, ҷомеаро рӯҳбаланд ва некбин мекунанд. Замони осоиштаву ваҳдати мардум неру мебахшад, то ки кишвари мо ободтар шавад.
Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мақоми худро пайдо кардааст. Он узви созмонҳои байналмилалӣ буда, бо ташаббусҳои худ дар ҳалли мушкилоти глобалии олам саҳм мегузорад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ кӣ будани Пешвои тоҷикони ҷаҳонро медонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди худшиносу миллатдӯст на танҳо ҳомии сулҳу субот дар Тоҷикистон ва 10 млн аҳолии кишвар, балки тоҷикони тамоми олам аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом ҳам ҳамчун яке аз мусулмонони бонуфузи ҷаҳон эътироф шудааст. Ҳатто собиқ Дабири кулли СММ Кофе Анан баён намудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз сиёсатмадорони шинохта буда, таҷрибаи сулҳофаринии ӯ барои дигар халқиятҳо намунаи ибрат мебошад.
Саёҳат ҒУЛОМОВА,
омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ
Возможно, это изображение (6 человек, на открытом воздухе и текст)