Тайи як рӯз аст, ки дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ тазоҳурот давом дорад. Аз ин ҳолати кор душманону бадхоҳони миллат лаззат бурда истодаанд.
Аз ин рӯ, аз тамоми бародарони Бадахшонӣ хоҳиш менамоям, ки аз ин кор даст кашанд. Давлат аст, қонун аст, тартибот аст. Биёед давлати худро ноором насозем. Вазъи имрӯзаи давлатҳои ҳамсоя ва минтақа бояд барои мо дарси ибрат бошад. Ин кор на ба манфиати шумо ҳасту на ба манфиати давлат. Мардуми Бадахшон мардуми ватандӯсту меҳнатдӯст ҳастанд.
Саҳми сокинони ин вилоят дар ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ назаррас аст. Пас барои пойдор мондани сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ биёед сарҷамъ бошем. Ба қадри ин неъмат бирасем.
Мо нав 30 сола шудем. Ҳамон дасисабозиҳои солҳои 90- ум бас аст. Ба ваъдаву суханони пучу бемании ҳар як нохалаф дода нашавед. Андеша ва фикри ботилро ба кор баред.
ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ.
Зафар Шарифзода
Возможно, это изображение (текст)