Ҳамаи мо шеъри машҳури устод Боқӣ Раҳимзода ва суруди дилошӯби Ҷӯрабек Муродовро борҳо шунидаем. Тавсифи ҳусни бонувони тоҷик, мӯйҳои дарози онҳоро дар ашъори дигар шоиронамон ҳам эҳсос кардаву ба он таҳсин хондаем. Устод Боқӣ Раҳимзода ин шеърро дар даврони Шӯравӣ, дар замоне, ки дар байни занони тоҷик, асосан кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, комсомолону коммунистон, зиёиён мӯйи кӯтоҳ мӯд шуда буд, эҷод кардаанд. Шоир шояд аз тақлид ба либоси аврупоӣ ва мӯйҳои кӯтоҳи занони рус ва дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ташвиш афтода буданд. Бо ин шеър мехостанд аз оқибати ин падида огоҳ намуда, ба бонувон нигоҳ доштани симои тоҷикона, ҳувият ва асолати фарҳанги миллиамонро таъкид кунанд.
Дар аксар чорабиниҳои фарҳангӣ ин суруд маҳбубият пайдо кард ва аз тарафи мухлисон дастгирӣ ёфт. Нақароти ин сурудро ҳама хурду калон аз ёд медонистанд:
Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони мушкбӯятро мабур.
Зиннати боғи латофат кокул аст,
Дар назокат гӯӣ рашки сунбул аст.
Суруди “Хосияти дукокула” ҳам вирди забонҳо шуда буд.
Ин сурудҳо дар тарбияи ҷавондухтарони он солҳо муассир буданд.
Аз бибиву модаронамон шунида будем, ки мӯйи сари зан бояд дар таги току дарахтони мевадор гӯронда шавад. Дар аввали баҳор бо оби токи ангур сар мешустем. Мӯйҳоямонро бо оби борони баҳорӣ бо суруди “Борони ҳамал, Ба мӯям амал” тар мекардем. Мӯйҳои бо зардобу ҷурғот шустаро майдабофӣ карда, байни дугонаҳоямон мусобиқа мекардем. Шумори кокулҳои кӣ бештар, чолбанду пӯпакҳои кӣ зеботар бошад, ғолиб мебаромад. Духтарчаҳо бошанд, аз навдаҳои сербарги беду маҷнунбед кокул мебофтанд, ҳавас мекарданд, ки рӯзе чун духтарони қадрас мӯйдарозу зебо бошанд.
Устод Мирзо Турсунзода дар бораи ҳамон овони наврасию ҷавонии мо шеър гуфтаанд:
Майдабофӣ кард модар шуста тори кокулат,
Тахтапуштат парниёнпӯш аз қатори кокулат .
Дар сари ҳар тори мӯят як дил овезон бувад,
Ҳалқадавак шуд ба гардан банди дори кокулат.
Он даври мо гузашт. Хотираҳои неки қамчинбофию панҷакбофиҳо монд. Имрӯз мағозаҳо пури шампуну рангу бор. Духтарони имрӯза мӯйҳоро зарду хокистарранг, сурху кабуд ранг мекунанду мӯдҳои дигари ороиши мӯй доранд. Ҳамқадами замон будан, таъсири фарҳанги дигарон ба ҷавонон ногузир аст, аммо анъанаҳои хуби миллиро набояд фаромӯш кард.
Ҳар пагоҳӣ дар маршруткаи №3-юм сӯйи донишогоҳ меравам. Аксари мусофирон донишҷӯёнанд.
То пур шудани мошин аз тиреза дидам, ки 4-5 нафар лӯлизанон бо сумкаҳои пурбор самти роҳашонро муайян карда, ба деҳае рафтанӣ шуданд. Ба ҷойи нону чизҳои талбидашуда халтаҳояшон зарфҳои нав дошт. Гоҳе дар маҳалли мо низ нидои “Мӯй дорӣ, мехарем”-ро мешунавам. Бар ивази мӯйи рехта гирифтани табақу зарфҳоро дида, ҳайрон мешавӣ. Солҳои охир тиҷорати аҷибро пеша кардаанд лӯлизанҳо. Шояд аз талбандагии нону танга даромаднок бошад. Пештар занони каммӯй барои мӯйҳои сунъӣ аз мӯйҳои рехтаи дигарон истифода мекарданд. Ҳоло мӯйи сар ҳам дар гардиши тиҷорат аст.
Ду донишҷӯдухтар дар қатори пеш нишаста, телефонбозӣ мекарданд. Ба якдигар сурату видеоҳои дидаашонро нишон дода, механдиданд.
Дар бари ман зани кӯдакдоре менишаст. Кӯдаки ҳушёрак аз бисёрии мусофирон магар дилгир шуд, ки даст ба тахтапушти духтарак бурд. Мӯйҳои паҳну парешони ӯ мулоим намуд.Ба мӯяш чанг заду кушодан намехост. Духтарак аз дард чӣ кор карданашро намедонист.Танҳо занон ин дарди ҷонкоҳи дар шона дар мондани як тори мӯй ва раҳо кардани гиреҳи мӯйро медонанд. Борҳо сари мӯйбофиҳои модару хоҳаронамон зарби шонаҳои чӯбин ва кашидани тори мӯйро эҳсос ва ҳатто гиря ҳам кардаем. Кӯдак қабзаимӯйро сахт дошта, сар намедод. Торҳои мӯй дар ангуштонаш печида буданд.
Агар мӯйҳояш бофтагӣ мебуданд, шояд ин ҳолат рух намедод,-аз дил гузаронидам ман.
Бар замми ин, ҷавонони дигар аз ин кори кӯдак завқ карда, ба ҳоли духтарак механдиданд.
Дар мардуми рус мақоле ҳаст “Мода требует жертв”, яъне мӯд қурбонӣ меҳоҳад. Аммо барои мӯд шуда аз бофтани тоҷиконаи мӯй рӯй тофтан нашояд. Мо ҳам донишҷӯ будем. Духтарони ба қавле чилгазамӯ доштем. Якто, дуто ва ё майдабофӣ карда, ба дарс мерафтем. Чаро имрӯз донишҷӯдухтарони мо ин анъанаро фаромӯш кардаанд? Оё ин аз замона қафо монданро мефаҳмонад? Симои зани тоҷик ҳамеша бо мӯйи дарозаш ҷилвагар аст.
Яке аз сабабҳои он дидани филмҳои хориҷӣ, интернет бошад, сабаби дигари он нодуруст дарк кардани муҳтавои чорабиниҳои фарҳангист. Амалӣ шудани озмунҳои маҳалливу ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” ва ”Чакан” дар Тоҷикистон пеш аз ҳама, барои эҳё кардани суннатҳои тоҷикӣ , оинҳои миллии мо нигаронида шудааст. Довталабони озмун барои намоиши дарозии мӯй онро кушода, барқад пешниҳод карданд.Ин чорабинӣ бисёре аз духтаронро ба парвариши мӯйҳои дароз водор сохт. Аммо кушодаву нобофта будани мӯй анъана шуд.
Силсилаи сурудҳои васфкунандаи мӯйҳои дароз эҷод шуданд.Аз ҷумла бадеҳаи Суруш ва Нигора Холовҳо хеле табиӣ ва самимӣ баромад :
Эй духтари тоҷик, меравӣ нози ба ноз,
Мафтун кардаӣ ту моро ба гесуи дароз.
Бозор рафтам, мӯйи ҷамолак кофтам,
Мӯйҳома гирифтаму ҷамолак бофтам.
Бофтам, бофтам яксаду чилто дона,
Шона задаму пушти сарам партофтам.
Як мӯди наве, ки дар байни ҷавондухтарон маъмул шудааст, 4-5 тори мӯйро чун зулфи дароз бари рӯй мепартоянд. Он рӯйи абрувону чашм ояд ҳам, парвое надоранд. Мӯй хоҳ дароз ва хоҳ кӯтоҳ аст, бояд мувофиқи синну сол, касб ва мақоми он занон батартиб ва муносиб бошад. Ин ҷузъи ҳусни зан ҳамеша диққатҷалбкунанда мемонад. Дар дӯкону мағозаҳои атторӣ саду як хел сӯзанакҳои ороишӣ , мӯйҳои сунъӣ фурӯхта мешванд. Болои сари аксари занон ба қавле “гунбад” дорад. Ин ороиши мӯйҳои сунъӣ аз худи сар калон буда, бо ду рӯймол баста мешавад. Аз нигоҳи тиб ҳам он бар зарари саломатӣ буда, мубодилаи ҳаворо халалдор мекунад.
Аз расмҳои хуби тоҷиконаамон –саршӯякон , ки махсус ба кокулбофии арӯсон бахшида мешуд, аз байн рафтааст. Ҳатто арӯси сермӯю кокулдароз ифтихори хонадон буд. Арӯсони имрӯза бо нархҳои гарон дар кошонаҳои ҳусн навбат истода, мӯйҳоро парешон мекунанду халос.
Кушодаву парешон будани мӯйи зан рамзи мусибат буд. Аз ҳамин сабаб калонсолон онро фоли бад ҳисобида, бофтани онро насиҳат мекарданд.
Аз қадим зани тоҷик сари сурфаву дастурхон ё иҷрои дигар корҳои хона мӯйҳояшро ҷамъ карда, рӯймол мебаст.
Рӯзе шоҳиди сари сурфа баровардани наврарӯси ҳамсоя шудам. Арӯси кокулбуридаи душанбегӣ дар сар тоқӣ дошт. Ҳар боре, ки хам мешуд, мӯйҳои кутоҳаш аз ду баногӯшаш ба пеш меомаданд. Бо дастони хамиролудаш онҳоро ҷамъ карда наметавонист. Ӯ хиҷолат мешуд. Занони калонсол ба ин ғашашон меомад.Дар зиндагӣ ҳолатҳои ногуворе ҳам шудааст, ки аз беэътиноии кадбону аз хӯрок ва ё мағзи нон тори мӯй баромадааст ва меҳмонон аз хӯрдани он даст кашидаанд. Ин албатта, ба шаъни зан намезебад.
Бо фарроше вохӯрдам, ки аз духтарон шикоят дошт.
– Баъди тоза кардани долону синфҳо дар партов мӯйи сари духтаронро мебинаму дар хайрат мемонам. Наход ба онҳо модаронашон насиҳат накунанд, ки ин айб аст. –афсус мехӯрд ӯ.
Дар воқеъ, ин аз як тараф беҳурматӣ нисбати меҳнати дигарон бошад, аз тарафи дигар, сатҳи пасти тарбияи озодагиву бефарҳангист.
Ҳар гоҳе, ки нақароти суруди ҳунарпешаи афғон “Дӯстат дорам ҳамеша ”-ро мешунавам, медонам, ки ин даъвати ноҷост.
Кокули ту пареша, пареша,
Вақте ки кӯтоҳ кунӣ , зебо меша. –гуфтан чӣ маънӣ дошта бошад?
Ҳар касеро табъу интихобе ҳаст. Агар он ба табиати ҳамон миллат созгор бошад.
Бароям шеъри устод Б.Раҳимзода хуштару мақбултар аст. Шояд устод ба духтарони имрӯзаи тоҷик нигариста, қофияи байташонро иваз мекарданд ва мегуфтанд :
Илтиҷо дорам, ки мӯятро бибоф,
Кокулони мушкбӯятро бибоф.
Ба он боварӣ дорам,ки хувияти миллии занони тоҷик бо расму ойин ва анъанаҳои беҳтарини гузаштагонамон пайвандӣ дорад ва ба асли худ баргаштан ногузир аст. Дар васфи ҳусну мӯйҳои бонувони тоҷик шеъру достонҳои нав эҷод хоҳанд шуд.
Дилором Маҳкамова,
омӯзгори кафедари рӯзноманигорӣ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Возможно, это изображение (1 человек и длинные волосы)