Дар факултети химия ва биологияи Донишгощи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии “Биологони ҷавон”-и назди кафедраи биологияи умумӣ доир гардид.

Нахуст, Ойниҳол Авлёзода, роҳбари маҳфил баромад намуда иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҳфил шинос намуд.
Сипас, мувофиқи рӯзномаи маҳфил Фарҳодҷони Паҳлавон, донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси химия-биология дар мавзӯи “Системаи такягоҳ ва ҳаракати одам” баромад намуда далелҳои ҷолибе дар бораи устухонҳои одам пешкаши иштирокчиён намуд.
Додхудо Воҳидов, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси биология-экология дар мавзӯи “Типи инфузория” маълумоти дақиқ пешниҳод намуд. Баъди баромади маърӯзачиён аъзоёни маҳфил ба онҳо саволҳо пешниҳод намуда ҷавобҳои мушаххас ҳам гирифтанд.
Қисмати интелектуалии маҳфил, “Муамоҳои биологӣ” ки муаммоҳо аз тарафи баромадкунандагон пешниҳод шуд, басо хотирмон буд.
Маҳфил илмии “Биологони ҷавон” гурӯҳи донишҷӯёни фаъоли факултетро сарҷамъ намуда дар он мавзӯҳои мубрами вобаста ба самти табиатшиносӣ муҳокима карда шуд.
Рамазони Маҳимбек,
донишҷӯи курси чоруми факултети химия ва биология