Дар давоми се ҳафтаи сессияи фаъол ва триместр, масъулони таъмину танзими рафти имтиҳон (ҷон. таълим, ҷон. тарбия ва кураторони гурӯҳҳо) пеш аз оғози имтиҳон тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо, ки Раёсати донишгоҳ ба тасдиқ расонидааст, гуруӯҳҳои таълимие, ки имтиҳон доранд қатор карда барои ба маркази имтиҳонӣ ворид намудан омода месозанд. Куратор шахси масъул дар таъмини гурӯҳаш дар имтиҳонҳо маҳсуб меёбад ва давомоти гуруҳашро ба инобат гирифта, то охирон донишҷӯи имтиҳонсупоранда гурӯҳашро зери назорат мегирад. Танҳо бо роҳбаладии куратор гурӯҳ ба толори имтиҳон шомил карда мешавад.
Бо мақсади сарфаи вақт ва дар муҳлати муқарар гардида оғоз кардани имтиҳон донишҷӯён бояд накамтар аз 10-15дақиқа пеш аз оғози имтиҳон дар назди маркази имтиҳонӣ ҳозир шаванд.
Баҳри халал ворид накардан ва таъмини шаффофият ба рафти имтиҳонҳо роҳбари маркази имтиҳонӣ (МИ), нозири имтиҳонӣ ва дигар масъулини назораткунандаи муассисаи таълимӣ рафти имтиҳонро метавонанд аз камераи назоратие, ки дар маркази имтиҳонӣ насб шудааст, назорат намоянд.
Дар сурати аз ҷониби донишҷӯ мушоҳида гардидани ҳолатҳои истифодаи маводи ёрирасон ё қасдан вайрон кардани рафти имтиҳон донишҷӯ аз ҷониби масъули маркази тестӣ аз имтиҳон берун карда мешавад ва куратори гурӯҳ донишҷӯро барои муайян кардани сабаби ҳолати баамаломада ба назди роҳбари МИ мебарад.
Дар ҳолати ба масъули маркази тестӣ зарурияти берун рафтан, пеш ояд, ӯро фақат масъули дигари маркази тестӣ иваз менамояд.
Агар барои донишҷӯ зарурияти берун рафтан пеш ояд ҳатман дар варақаи назоратии гурӯҳ сабти ном бо вақти баромадан ва баргаштан аз ҷониби масъули маркази тестӣ дарҷ мешавад. Вале дар чунин ҳолат имконияти ба донишҷӯ вақти иловагӣ дода намешавад, зеро барномаи имтиҳонӣ худкор буда баъди гузаштани 25 дақиқа маҳкам мешавад ва то оғози триместр дастнорас мегардад.
Масъули маркази тестӣ пеш аз оғози имтиҳонҳо ба маркази имтиҳонӣ ҳозир мешавад.
Масъулини маркази тести дар ҳузури намояндаи факултет- куратори гурӯҳ, ҳамаи донишҷӯёнро баъди муайян намудани шахсият ва гирифтани дастхаташон дар варақаи назоратӣ ба назди компютер шинонида барои супоридани имтиҳон иҷозат медиҳад.
Масъули маркази тестӣ маротибаи аввал баъди гузаштани 10 дақиқа, маротибаи дуюм 5 дақиқа мондан то анҷоми имтиҳон донишҷӯёнро таъкид менамояд.
Баъди анҷоми вақти имтиҳон, ки 25 дақиқа муқарар шудааст, донишҷӯ ҳамзамон холи аз имтиҳон ба даст овардаашро дар равзанаи компютер дида, сипас аз маркази имтиҳонӣ берун мешавад. Масъули маркази тести баъди ба анҷом расидани вақти имтиҳон дар варақаи назоратӣ дар паҳлуи ному насаби донишҷӯи ба имтиҳон ҳозир нашуда (наомад) менависад ва маркази имтиҳониро барои қабули гурӯҳи дигар омода мекунад.
Донишҷӯи имтиҳонсупоранда ба имтиҳон 10-15 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо сару либоси тавсиявӣ, доштани бейҷик ё шиноснома, ду дона ручкаи оддӣ рангаш сиёҳ ва ду дона варақи сафед (барои сиёҳнавис) дар назди маркази имтиҳонӣ бо куратор барои супоридани имтиҳон мунтазир мешаванд.
Ҷонишини декан оид ба таълими факултет пас аз анҷоми имтиҳони охирони рӯз тибқи ҷадвал ҳамаи имтиҳонҳои ҳамонрӯза ва руйхати донишҷӯёни дар имтиҳон ҳозир нашударо ҳисобот карда ба маркази тестӣ (МТ) худи ҳамон рӯз ахборот ирсол менамояд. Маркази тестӣ охири ҳар ҳафта ба раёсати таълим хаттӣ ахборот медиҳад.
Муҳандиси бахши ИМҶ аз пойгоҳ варақаи (ведомост)-и имтиҳониро барои ҳар як фан ва гурӯҳ дар ду нусха чоп менамояд.
Муҳандиси бахши ИМҶ дар муҳлати на дер аз 48 соат варақаи имтиҳониро ба воситаи масъулини МТ ба садорати факултет мерасонад.
Роҳбари маркази имтиҳонӣ дар донишгоҳ муовини ректор оид ба таълим маҳсуб меёбад.
Имтиҳонҳо аз соати 8:30 то 17:30 идома меёбад. Имтиҳонҳои берун аз вақти зикр гардида беэътибор дониста мешавад.
Омӯзгори фан ва дигар намояндагони кафедраю факултет ва ниҳодҳои донишгоҳ метавонанд ҳамчун нозир рафти имтиҳонҳоро тавассути камераҳо аз монитор назорат баранд. Аммо ба маркази имтиҳон ворид шудан иҷозат дода намешавад. Ба марказ онҳое ворид мешаванд, ки аз ҷониби роҳбари маркази имтиҳонӣ иҷозатномаи хаттӣ доранд.
Раёсати таҳсилот
Возможно, это изображение (на открытом воздухе)