Дар доираи амалигардонии барномаи маҷмуии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар мусобиқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи волейболбозон аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.